Arzon march 2024
“Дилак”-и Ёсамин ба ёди кӣ гум мезанад?
607


Ёсамин Давлатова –имрӯз ин ном вирди забони аксари ҷавонон аст. Ёсамин хеле ҷавон бошад ҳам, тавонист бо эҷоди чанд таронаи марғуб дар дили ҳаводорони созу суруд маъво бигирад. Таронаҳои Ёсаминро имрӯзҳо дар ютуб ҳазорон нафар тамошо карда, ба ҳунари ин духтари ҷавону зебои тоҷик баҳои хеле баланд медиҳанд.

Рӯзи гузашта Ёсамин Давлатова таронаи навашро бо унвони “Дилак” пешкаши ошиқони созу суруд гардонд. Ин суруди дилчаспро дар 1 шабонарӯз зиёда аз 115 ҳазор нафар тамошо карда, зераш шарҳҳои зиёде навиштаанд. Тарона бисёр марғубу дилчасп буда, дар майдони футбо ба навор гирифта шудааст. Суруд бо чунин мисраъҳо оғоз меёбад:

Дилакум гум мезанад, мекунад сад баҳона,
То бинад ду чашмаки қандулаки ягона.
“Дилак”-и Ёсамин ба ёди кӣ гум мезада бошад, мепурсанд баъзе мухлисони ин бонуи зебо.

Мо ба Ёсамин Давлатова парвозҳои баланди эҷодӣ таманно намуда, боварӣ дорем, ки ин паричеҳраи хушовоз минбаъд барои рушди санъати тоҷик саҳми босазои худро мегузорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД