Commerce bank may-june 2026
Дилбари ҳунар
70

Ҳунари сурудхониву истеъдоди нақшофарии Дилбар хеле барвақт кашф шуда буд. Дар мактаб гоҳо суруд мехонду гоҳо дар нақшҳои заргӯшу рӯбоҳ маҳорат месанҷид. Ин ҳама дар қалби модар шуълаи умед барафрӯхт. Тасмим гирифт ӯро ба маҳфили рубобнавозу сарояндагии хонаи пионерон орад. Дертар соли 1976 ба Институти санъати пойтахт овард. Ва саҳв ҳам накард.

Зимни хатми донишгоҳ - соли 1979 нақши Адолатро аз намоишномаи «Имтиҳон»-и Файзулло Ансорӣ дилрасу самимӣ иҷро карду аз устоди сахтгираш номзади илми санъатшиносӣ Малика Ҷӯрабекова баҳои баланд гирифт.  Ҳарчанд талабгорони ҳунараш бештар буданду аз ҷониби театри ҷавонон ба номи М. Воҳидов низ дархост қабул намуда буд, фаъолияташро дар Конибодом ихтиёр намуд. Кашиши оилаи бомуҳаббаташ, фарзанди дӯстрӯи думоҳааш Фирдавсҷон ва хушдомани азизаш Тоҷинисо Мамадова, ки ҳамсабақи Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Туҳфа Фозилова буд, ӯро соли 1980 ба театри драмавӣ мусиқии шаҳри Конибодом овард. Ҳунарпешаи ҷавон ҳастияшро ба театр бахшид ва бо тамоми маҳорату матонату фатонат вориди нақш мегардид, то ба дили тамошобини нозукбин ҷо шавад. Дар ин макони муқаддас камол ёфту ҳунараш боли парвоз баровард.  Туфайли самимияту дилрасии нақшҳояш, бо садову симои дилбаронааш ӯ натанҳо дар меҳани азиз маҳбубият пайдо намуд, балки ба эъҷози ҳунараш дар Олмону Туркиё, Сурияву Булғористон, Афғонистону Эрон каф кӯфтаанд. Нозӣ аз намоишномаи «Ҷанги тан ба тан», Виктория аз «Латифаҳои деҳот», Нурхон аз «Нурхон», Шоҳина аз «Шоҳина», Ҷулйетта аз «Ромео ва Ҷулйетта», Каромат аз «Тошболтаи ошиқ» аз нақшҳои мондагори ин ҳунарманди асил аст. Бо ин ҳама ҳанӯз ҷӯёи нақшест, ки таҷассумгари симои як модари меҳрубону мубориз ва заҳматкаши тоҷик бошад.

Ва инак, садоқату муҳаббати ин бонуи ҳунар буд, ки чаҳор даҳсолаи умрашро ба театр бахшид ва айёми пуртакопӯ - ҷавониҳои хешро низ нисори ин макони муқаддас намуд.

- Зери як бом зистани ду ҳунарманд ва гаҳе «маъшуқа»- ву гаҳе «ҳамсар»- и марди дигар будани чунин як бонуи зебо дар зеҳни тамошобини кунҷкоб суолеро мечархонад. Аммо ҳунарманд кулли дастовардҳояшро дар симои шавҳари бофарҳангу меҳрубонаш Каримҷон Сулаймонов мебинад.

-  Маҳз ҳамдигарфаҳмӣ, дастгирӣ, ғамхориҳои беандозаи ҳамсарам ва муҳити созгоре, ки ҳанӯз бароям аз оғози зиндагӣ хушдомани меҳрубонам фароҳам оварда буданд, маро болу пар мебахшад. Саҳнаи театр саҳнаи зиндагист, ки барои ба дили тамошобин роҳ ёфтан, бо тамоми маҳорат нақш мебозӣ. Зимни таҳияи намоишномаи «Ромео ва Ҷулйетта» қарор буд, ки нақшҳои асосиро ману Каримҷон иҷро мекунем, аммо як садамаи нақлиётӣ боис гардид, ки Муқимҷон Қосимов дар нақши Ромео рӯи саҳна омад, - мегӯяд Д. Сулаймонова.

Дар театр имрӯз низ фазои ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармост, мо ҳама як оила, чун додару хоҳар ҳастем ва ҳамин дилгармиву муҳаббати ҳамкорон боз ҳам ҳар субҳ маро сӯи театр мебарад.

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Дилбар Сулаймонова натанҳо сарояндаву актрисаи театру синамост, балки дар ҷодаи оҳангсозӣ низ комёб гардидааст.

«Дарё равон аст», «Ман ҷавонам», «Дарде гирифтам аз ту», «Ватан» таронаҳое ҳастанд, ки Дилбарбону худ оҳанг баставу бо Алишер Дадабоев онро боз ҳам суфтатар намудаанд ва ин сурудаҳо байни мардум самимияти бештаре касб намудааст.

Ҳарчанд тамоми нақшҳои офаридаашро дӯст медорад, нақши «маъшуқа» аз филми «Ормонҳо» ва Малика аз намоишномаи «Ваҳваҳабонувон» ба дилаш наздиктар аст. Таронаи «Ватан»-ро бар матни шоири халқии Тоҷикистон Алӣ Бобоҷон худ оҳанг баставу аз марғубтарин суруд медонад.

Дилбар дар оинаи дӯстон

Муҳаммадҷон Шодиев, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон:

- Солҳои ҳаштодуми қарни рафта ёдам мерасад. Дар театри драмавӣ мусиқии шаҳри Конибодом фаъолият доштему Дилбарбону пас аз хатми донишгоҳ ба театр омад. Ва ин омаданҳои Дилбар дар дили коргардонҳои театр тухми умедро сабз гардоинд, қаҳрамоне пайдо шуд, ки метавонанд ба ӯ такя кунанд. Дар намоишномаи «Ин майдон, ин шайтон»- и Хушназар Майбалиев ман нақши шайтонро бозидаму ӯ Фариштаро.  Дертар дар намоишномаи «Ҷанги тан ба тан» якҷо нақш офаридем, ки нақши Нозиро бо як маҳорати баланд иҷро намуд. Дарк намудам, ки истеъдодест, ки метавонад, бори сангини санъатро кашад. Ва имрӯз пас аз чаҳор даҳсола ӯро боз ҳам бо ҳамон нерӯи тозаву дили гарм мебинам. Ана ҳамин хушдиливу хушсуханиву хушрафториаш буд, ки дар як ҷо сабзид. Дилбар ганҷинаи пурбаҳои театри Конибодом. Бонувоне мисли ӯ ангуштшуморанд. 

Қурбони Собир, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон:

- Дилбарбону солҳои донишҷӯйӣ болотар аз мо мехонд. Мафтуни ҳусни зебояш будем. Дастрасӣ ба Дилбар орзуи мо буд. Гардиши фалак буд, ки чанд муддат канори ҳам будем, дар чанд филм нақш бозидем. Дар филми «Ормонҳо» «маъшуқаам» буду дар филми «Сайёра ранг иваз мекунад» «ҳамсарам». Қалби поку бекинае дорад.  Як зани фарҳангдӯсту санъаткори асилу боистеъдод аст. Бурди театри шаҳри Конибодом аст, ки чун Дилбар ҳунарпеша дорад. Ман ин театрро бе Дилбарбону тасаввур карда наметавонам.

Лутфулло Давлатов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон:

- Ҳарчанд ману Муҳаммадҷон Шодиеву шавҳараш Каримҷон якҷо ҳунар омӯхтаем, бо лутфу меҳрубонӣ Дилбарбонуро ҳамсабақи худ меҳисобем. Саҳми ин бонуи боҳунар дар рушди театри тоҷик хеле босазост. Солҳои 80-уми асри гузашта солҳои «тиллоӣ»-и театр буд. Толор пур аз тамошобин. Дилбар низ бо нақшҳои мондагору дилфиребаш тамошобинро тасхир мекард. Дар филми «Сарнавишт» нақши «зану шавҳар» -ро иҷро намудем. Воқеан хеле самимӣ нақш меофарад.

Фирӯзаи АБДУЛАЗИЗ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД