Arzon march 2024
Дили Мадинаро кӣ шикаст?
1228


Мадина Ақназарова яке аз сарояндаҳои ҷавону хушовози тоҷик мебошад, ки мухлисони сершумори худро дорад.

Ҳафтаи гузашта барои ин бонуи ҳунар ва ҳаводорони ҳунараш ҳафтаи бобарор буд, зеро шумораи обуначиёни саҳифаи инсттаграми Мадина ба як миллион нафар расида, ин бонуи ҳунарманд ба қатори блогерони машҳури тоҷик дохил шуд.
Хабари дигаре, ки мухлисони ин сарояндаи ҷавону боистеъдодро шод гардонд, клипи нави Мадина бо номи “Дили ту аз ман хабар надорад” буд, ки дар ютуб- канали Қиём-интертаймент пешкаши ошиқони савту наво гашт. Ин таронаи ҷаззоби ошиқонаро тӯли ҳафта зиёда аз 350 ҳазор нафар тамошо карда, ба ҳунари волои сароянда баҳои хеле баланд доданд.

Тарона дар муҳити пурбарфи кӯҳистон, ки бо қуллаҳои осмонбус иҳота шудааст, сабт шуда, Мадина бо садои пурдард месарояд:
Шаб шуду борон шуд,
ситора пинҳон шуд,
Дилам парешон шуд,
Ва шохаи сарве, ки ошиёнам буд,
Шикасту вайрон шуд...
Дили ту аз мо хабар надорад,
Шикастани дил ҳунар надорад,
Шаби ҷудоӣ саҳар надорад,
Буру, ки дилтангам...
Дили Мадинаро кӣ шикаст, маълум нест, вале ин тарона имрӯз вирди забони ҳазорон-ҳазор ошиқон гашта, шумораи ҳаводорони ҳунари волои ин зебосанамро афзунтар гардонидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД