sebiston july new
Дилшод Сафарзода: Роҳандозии шаш парвоз дар як ҳафта ба Чин
514

 

Айни ҳол парвоз ба Ҷумҳурии Чин дар як ҳафта як маротиба сурат мегирад. Дар назар аст, ки дар як ҳафта шаш парвоз се парвоз аз Тоҷикистон ва се парвоз аз Чин роҳандозӣ шавад.

Ин нуқтаро Дишлод Сафарзода, директори Агентии Авиатсия Граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯза гуфта гузаштанд.

Номбурда ҳамчунин вобаста ба парвозҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон қайд кард, ки дар оянда мо нақша дорем, ки барои парвоз ба Чин аз фазои ҳавоии Қазоқистон истифода кунем. Ҳарчанд, аз ҷониби кишвари ҳамсоя ҳангоми парвозҳо ягон монеа нест, вале роҳ боз ҳам кӯтоҳтар мешавад ва ҳам имконияти парвоз ба Аврупо ва Осиёи Шарқию Ҷанубӣ ба вуҷуд меояд".

Дар ҳоли ҳозир парвоз дар масири Душанбе - Урумчи - Душанбе баъди таъхири тӯлонӣ барқарор шуда, дар 2 ҳафта 1 парвоз сурат мегирад ва дар оянда аз дигар шаҳрҳои Чин ба монандӣ, Гуанҷо ва Пекин сурат хоҳад гирифт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД