Arzon march 2024
ДОДАР АКАРО 7 КОРД ЗАД!
2499

 

Ин чи шӯрест, ки дар даври қамар мебинам,
Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам,
Ҳеҷ раҳме на бародар ба бародар дорад,
Ҳеҷ шафқат на падарро ба писар мебинам.
Ҳофизи Шерозӣ

Ҳамон гуна, ки Хоҷа Ҳофиз садсолаҳо қабл таъкид карда буд, раҳму шафқат ва меҳру муҳаббат аз миён рафта, ҷойи ин эҳсосоти отифиро дар дили инсоният нафрату бадбинӣ, қаҳру ғазаб ва кинаву адоват гирифта истодааст. Имрӯз барои дупула гап писар гиребони падар мегираду бародар бар сари бародар теғ мекашад. Вазорати умуми дохили кишвар аз сар задани боз ду ҷинояти хунини хонаводагӣ дар ҷумҳурӣ хабар додааст.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, ҳодисаи аввал дар Вилояти Суғд рӯй дода, сокини 30-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо гумони расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатии шахси дигар боздошт шудааст.

Тибқи иттилои ВКД боздоштшуда, бегона не, бародари ҳамхунашро корд задааст.
Ин моҷарои хунин шоми 10-август, тахминан соатҳои 21.30 сар зада, байни ду бародар муноқиша ба миён меояд. Дар ҷараёни ин моҷаро ҷавони 30-сола бародари 32-солаашро корд задааст.

Ҷабрдидаро бо ҷароҳати хуншор ба бемористон бурданд, нисбати бародари беандешааш бошад бо қисми 1-и моддаи 110-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғз ёфта, тафтишот идома дорад.

Ҳодисаи дуюм аз аввалӣ ҳам даҳшатангезтар буда, дар шаҳри Кӯлоби Вилояти Хатлон сар задааст. Тавре ки ВКД мегӯяд, рӯзи 19-август, тахминан соатҳои 04.30 -и субҳ байн ду бародар ҷанҷолу муноқиша сар зада, дар рафти ин моҷаро марди 46 -сола бародари 57-солаашро 7 корд задааст.
Ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, табибон барои наҷот додани ҷонаш мубориза мебаранд, нисбати додари бераҳмаш бошад, парванда оғоз ёфта, тафтишоти ин қазияи хунин идома дорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД