arzon replenishment
Домод дар рӯзи тӯй худро ба дор овехт
02.11.2019
Дилошӯб
3185

 

Ман ҳеҷ гоҳ туро келин намекунам! Аллакай духтари хоҳарамро ба писарам фотеҳа кардам, ба наздикӣ тӯй мешавад.

Ту тирмизак шарм намедорӣ, ки бо ҳамон падари мардикору модари фаррош ва хонаҳои нимвайронаатон писари маро ба домат кашидӣ? Беҳтараш худат барин почакандаро ёб…

Суханҳои дигари модари Набӣ ба гӯши Маҳлиё намедароманд, зеро аз шунидани ин таҳқирҳо гӯшҳояш қуфл зада буданд.

                             Заҳри сухан

Вақте ки Маҳлиё ба худ омад, Гулбибӣ аллакай рафта буд. Духтараки бечора «хайрият, ки дар кӯча ғайри кӯдакони мактабхон дигар касе набуд, вагарна шарманда мешудам» гӯён, аз роҳаш гашт. Дилаш сип-сиёҳ ва ҳолаш аз заҳри суханони модари Набӣ ончунон бад шуда буд, ки дигар ҳатто мадори қадамзанӣ надошт. Базӯр ҷисму ҷони хастаашро то хонаашон кашолакунон расонд ва дари ҳуҷраашро аз дарун маҳкам карда, сарашро ба болин монду то холӣ шудани дилаш зор-зор гирист. Телефонашро хомӯш карда буд, то Набӣ занг зада ба захми хуншори дилаш намак напошад. Аз шиддати дарду алам ва гиряи бисёр чашмонаш варам карданд ва таббаш баланд шуд. Модари зор дар таб сӯхтани духтари қобилашро дида, барояш биринҷоба пухта овард, вале ғам он қадар вуҷудашро пур карда буд, ки аз гулӯи Маҳлиё дигар ҳатто об ҳам намегузашт. Модар сари духтараки боақлашро силакунон сабаби якбора ба ин ҳол афтиданашро пурсид. Маҳлиё оҳи сард кашида «андак нотоб шудам» гӯён, сирри дилашро ба волидааш ифшо накард.

Тулӯи офтоби ҳақиқат

Қарибиҳои бегоҳ хоҳари хурдиаш ба наздаш даромада аз омадани Набӣ хабар дод. Маҳлиё ашки чашмонашро поккунон сарашро базӯр аз болин бардошт. Азбаски Набӣ гоҳ-гоҳ ба хонаашон меомад, касе монеи даромаданаш нашуд ва ҷавон аҳволи зори духтарро дида, ғамхорона ҳолпурсӣ кард. Маҳлиё саломи Набиро базӯр алек гирифту бо садои ҳазин пурсид:

-Набӣ, чаро нагуфтӣ, ки аллакай бо духтари холаат фотиҳа шудаӣ?

-Модарам омада буд?- Ба саволи духтар бо савол ҷавоб гуфт ҷавон ва афзуд,-Маҳлиёҷон, ман бо ҳеҷ кас фотеҳа нашудаам ва сарамро аз тан ҷудо кунанд ҳам, туро намепартоям. Бо гапҳои беҳуда худро зиқ накун! Маҳлиё каме ба худ омада, ашки чашмони аз гиря суп-сурхшудаашро пок намуд. Онҳо каме аз ину он сӯҳбат намуданд ва баъд Маҳлиё Набиро гусел карда, дубора сар ба болин ниҳод. Дилаш акнун каме равшан шуда буд, зеро азизи дилаш шӯълаи умедро ба фардои нек дар як гӯшаяки ҷалбаш фурӯзон карда буд.

Ғазаби ошиқ

       Набӣ ғазаболуд ба хонаашон рафта, кирдори модарашро ба падараш нақл карду дар умраш бори аввал бо волидонаш моҷаро кард. Гулбибӣ писарашро дуои бад карда, худашро ба беморӣ андохт, вале Набиро «бемори»-и модар низ аз роҳаш нагардонд ва ҷавони дилозурда ба хонаи акаи калонияш рафта, як ҳафтаи дароз ба хонаашон наомад. Ҷавони ошиқ ҳар рӯз бо азизи дилаш Маҳлиё вохӯрда, маҳбубаашро ба сабру тоқат мехонд ва қотеъона мегуфт, ки модараш нахоҳад ҳам, онҳо хонадор мешаванд. Маҳлиёи дурандеш Набиро насиҳат мекард, ки коре карда ризоияти модарашро ба даст биёрад, зеро бе дуои модар онҳо хушбахт нахоҳанд шуд. Волидони Маҳлиё бехабар аз ин ҳама моҷаро хостгорони Набиро интизор буданд, вале…

Ҷодугар

Гулбибиро рафтори писараш сахт ба ташвиш андохта буд ва модари беандеша нақшаи дигар кашид. Ин зани худхоҳ мехост бо сеҳру ҷоду дили писарашро аз Маҳлиё хунук карда ба мақсади хеш бирасад. Субҳи солеҳон вай худро орою торо дода як пачка пулро ба сумкачааш андохту ҷониби манзили соҳири номдор Мулло Давлат равон гашт. Гулбибӣ чор соат навбат поида ба қабули муллои ҷодугар даромад ва пачкаи пулро пешаш партофта, дарди дилашро гуфту мадад пурсид. Чашмони мулло аз дидани чунин пули калон барқ заданд ва ҷодугари худобехабар риши таккамонандашро молида истода гуфт:

-Апа, як метр сони сафед, як косаи нав, устухони шонаи гӯсфанд ва дусад доллари дигар биёред, ман мушкилатонро ба зудӣ ҳал мекунам!

Рӯзи дигар Гулбибӣ тамоми фармудаҳои ҷодугарро муҳаё намуд ва ба ҷойи дусад доллар сесад доллари шараққосиро ба пеши мулло Давлат партофта, хоҳиш кард, ки ҳарчи зудтар писари сурашро ром кунад. Чашмони тангу чуқури мулло, ки ба чашмони каргас монанд буданд, аз дидани долларҳои сабзи ҷилодор якбора шоҳкоса барин калон шуданд ва бо ҷону дил аз пайи иҷрои амри ин зани бефаросат, вале серпул шуд. Дар давоми ду соат ҷодугар дар рӯи сони сафед бо ҳарфҳои арабӣ ким-чиҳо навишт, сипас дар шонаи гӯсфанду коса дуоҳои давомдор хонду ҳама ҷодуи сохтаашро ба дасти Гулбибӣ дода гуфт:

-Сони сафед ва шонаи гӯсфандро дар ягон қабри кӯҳна гӯронеду косаро шикаста ба об партоед, иншооллоҳ ду рӯз пас дили писаратон аз ошиқаш хунук шуда, духтари холаашро ба занӣ мегирад. Шумо таъхир накарда тезакак тӯйро гузаронед, то ки ҷоду кӯҳна шуда, таъсираш аз байн наравад!

Гулбибӣ худи ҳамон рӯз фармудаҳои муллои ҷодугарро иҷро кард ва мунтазири натиҷаи амали ҷодугар шуд.

           Дар панҷаи сеҳр

Се рӯз баъд Набӣ ба хонаашон баргашта аз модараш узр пурсид. Рангу рӯи кандаи писарашро дида, Гулбибӣ гӯё чизе нашуда бошад бо меҳрубонӣ ҳолу аҳволашро пурсид. Набӣ оҳи сарде кашида гуфт:

-Немедонам аз чи бошад, ки шонаҳоям месӯзанд очаҷон. Шабҳо то саҳар хобам намебарад ва чунон дар таб месӯзам, ки гӯё дар дарунам ягон гулхани баланди оташ фурӯзон бошад. Ҳар қадар об нӯшам ҳам, таббам паст намешавад ва ташнагиям намешиканад.

Гулбибӣ бехабар аз оқибати амалаш дар дил хурсанд шуд, ки ҷоду ба писараш таъсир кардааст. Ҷавони ҷодушуда рӯз то рӯз харобу абгор мешуд. Дунёи ӯ дар байни чанд рӯз такорӯ шуда, акнун Маҳлиё дар назари Наби мисли хук метофт ва кӯшиш мекард, ки худро аз ӯ дур бигирад.

Гулбибӣ хурснад шуда, дар тараддуди тӯй шуд ва ба хонаи хоҳараш хостгорӣ рафта, Зеборо ба писараш номзад кард. Набӣ мисли як одами бегона ба даводави модару янгаҳояш бефақ нигариста, парвои оламу одам надошт, аммо...


“Эй апа, девонаӣ ё ҳушёр?! Наход, ки одам дар даруни таксӣ чунин корҳои ҳаромро кунад?! Айбу шарма намедонӣ...”

 


Ашки талхи Лайлӣ

Маҳлиё сабаби бедарак шудани Набиро дар серкорияш дида, чанд рӯз ба ӯ занг назад. Дилаш худ аз худ буғз карда, сиёҳӣ меовард. Билохира косаи сабраш лабрез гашту хоҳарашро ба ҷойи кори маҳбубаш равон кард, то фаҳмад, ки Набӣ сиҳату саломат ҳаст ё не. Зӯҳро аз он тараф бо таъби гирифта баргашта гуфт:

-Апа, ҳамкоронаш мегӯянд, ки Набӣ имшаб дар тарабхонаи «Наргис» тӯй дорад ва якмоҳа рухсатии меҳнатӣ гирифтааст…

Маҳлиё дигар чизе напурсида сархам рӯи кундаи буридаи чинори ҳавлиашон нишаст ва пай дар пай ба Набӣ занг задан гирифт. Занг равад ҳам, гӯширо касе намебардошт. Духтар девонавор занг мезаду занг мезад ва шояд пас аз садумин бор занг заданаш зане гӯшакро бардошт.

-Набиро ҷеғ занед,-илтиҷо намуд Маҳлиё.

-Набӣ барои овардани арӯсаш рафт,-гӯён соҳиби овоз телефонро хомӯш кард.

Маҳлиё дарк кард, ки ҳамкорони Набӣ шухӣ накардаанд ва ҷавони дӯстдоштааш ӯро фиреб карда, бо дигар кас хонадор шудааст. Ин хабар ӯро бе корд кушт. Чашмони зебояш танҳо ба як нуқта менигаристанд, гоҳ дар пеши назараш симои хашмолуди модари дӯстдоштааш падид меомаду гоҳи дигар чеҳраи зебои Набии азизаш…

       Шикасти ирода

Маҳлиё чанд соат беҳаракат, мурдавор рӯи кундаи чанор нишаст. Хоҳаронаш дар дарс, волидонаш дар кор буданд, касе ҳоли ӯро намедид. Сараш мисли хонаи занбур пурғавғо буд ва саволҳои зиёде дар майнааш чарх зада, девонааш мекарданд. «Наход Набӣ ба хиёнат қодир бошад? Акнун ман ба падару модар ва хешу таборамон чӣ мегӯям? Ҷавононе, ки аз пасам медавиданд, ин хабарро шунаванд, ба ҳолам намеханданд?» худ ба худ мунозира менамуд духтараки бадбахт.

Пас аз чанде Маҳлиё гӯё ба худ омада аз ҷояш хест ва ба дорухонаи наздиктарин рафта сад дона ҳабби «димедрол» хариду ба хона баргашт. Дарро аз дарун қулф карда вай якбора чанд пачка димедролро бо об фурӯ бурд ва сараш чарх зада, мурдавор рӯйи фарш ғелид…

Бимон ман мираму…

Дар ин лаҳзаҳо Набии дар панҷаи сеҳру ҷоду дармонда бо арӯсаш зери садои ёр-ёр вориди тарабхона мешуд. Домоду арӯсро нав сари тахт шинонда буданд, ки янгааш телефонашро оварда ба дасти Набӣ дод. Бо гумони он, ки рафиқонаш аз Русия занг зада истодаанд, Набӣ телефонро гирифт ва ба экран чашм давонда рақамҳои барояш азизро диду якбора ҳушёр шуд. Домоди ҷодушуда гӯё нав аз хоби гарон бедор шуда бошад, каҷ-каҷ ба арӯси дар паҳлӯяш нишаста нигарист ва баъд ҷонҳавл ба Маҳлиё занг зад. Аз он тараф овози хиррии ба ҷонканӣ монанде ба гӯшаш расид, ки мегуфт:

-Номарди беаҳд, акнун ман мемирам, ту бо арӯсат хушбахт бош!

Набӣ арӯсро дар сари тахт танҳо партофта аз ҷояш бархост ва ба мошини як рафиқаш нишаста ба хонаи волидони Маҳлиё равон шуд….

(Давомашро фардо соати 15 интизор шавед)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД