arzon replenishment
Нигораи 32-сола ба чоҳ афтида мурд(Видео)
10220
Нигораи 32-сола ба чоҳ афтида мурд(Видео)

 

Каримова Нигора, ҷавонзани 32-солаи сокини ноҳияи Сино, маҳаллаи 33, бинои 77/б дирӯз субҳи барвақт, тақрибан соатҳои 7:20 аз хона баромада, шитобон ҷониби корхонае, ки дар он ҷо кор мекард, равон шуд.


Муттаассифона, ҳангоми гузаштан ба дигар тарафи роҳ ин ҷавонзани тоҷик ба даруни ҷуқурии лӯлаҳои обгузар (оби гарм) ғалтида, дилаш аз кор мондааст. Нигора модари се фарзанд буда, шавҳараш дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, танҳо гоҳ-гоҳ 1000 рубли русӣ мефиристодаасту халос. Ба хотири пеш бурдани зиндагӣ ва таъмини фарзандонаш ин ҷавонзан дар як вақт дар се ҷо кор мекард, аммо...

 

Пас аз сар задани ин фоҷиа се фарзанди хурдсоли Нигора Каримова бе такягоҳ монданд.

Ҷасади Нигораи ноком имрӯз ба хок супорида мешавад.

Ҳамсояи маҳрум Шодимурод Давлатов дар сӯҳбат бо журналисти сомонаи Oila.tj иброз дошт: “Маҳз беаҳамияти масъулон сабабгори марги Нигора гардид. Аз кандани ин чуқурӣ 2-3 моҳ сипарӣ шуда бошад ҳам, аз паси кор нашуданд ва ҳатто ягон чораи бехатарӣ ҳам наандешиданд.”

Шодимурод Давлатов, дар идомаи сӯҳбат афзуд, ки лентаи сурхи нишонаи минтақаи хатарнокро танҳо дирӯз пас аз марги Нигора бастаанд, атрофи чуқуриро низ дина бо хок пур намуданд.


Қиссаи дар шашмоҳагӣ маро ба каси дигар фурӯхтани модарам ва ранҷу азобҳои кашидаамро як ба як нақл карда додам.


 Аз сӯҳбат бо ҳамсояҳои марҳум муайян гардид, ки чоҳи мазкур натанҳо сабабгори марги Нигора гардидааст, балки ду сокини дигари ин маҳал низ ба он чуқурӣ афтидаанд. Рӯйи як кӯдаки ба ин чоҳ афтида ба арматура зада, ярадор шудааст, сокини дигари маҳал дасташро шикастааст.

Тафсилоти бештари ин ҳодиса дар навори видеоии мо манзур мегардад

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД