formula
Домод дар рӯзи тӯй худро ба дор овехт (қисми2)
2514

 

(Идомаи қисса)

Домоду арӯсро нав сари тахт шинонда буданд, ки янгааш телефонашро оварда ба дасти Набӣ дод. Бо гумони он, ки рафиқонаш аз Русия занг зада истодаанд, Набӣ телефонро гирифт ва ба экран чашм давонда рақамҳои барояш азизро диду якбора ҳушёр шуд. Домоди ҷодушуда гӯё нав аз хоби гарон бедор шуда бошад, каҷ-каҷ ба арӯси дар паҳлӯяш нишаста нигарист ва баъд ҷонҳавл ба Маҳлиё занг зад. Аз он тараф овози хиррии ба ҷонканӣ монанди дӯстдоштааш ба гӯшаш расид, ки мегуфт:

-Номарди беаҳд, акнун ман мемирам, ту бо арӯсат хушбахт бош!

Набӣ арӯсро дар сари тахт танҳо партофта аз ҷояш бархост ва ба мошини як рафиқаш нишаста ба хонаи волидони Маҳлиё равон шуд….

Даҳшат

Маҳлиёро бо лабу даҳони аз таъсири дору каҷшудаю сарду карахт ёфта, ҳуш аз сари Набӣ парид. Ҳамроҳи рафиқаш дарҳол маҳбубаи нокомашро ба беморхона бурд, сипас ҷӯраҳояшро ҷавоб доду худаш бо баҳонаи кори муҳим доштан ба хонаи бародараш даромад. Дарвозаро бо калиди худаш кушода рост ба ҳезумхона даромад ва рӯзҳои бо Маҳлиё буданашро ба хотир оварда аз дил гузаронд, ки Маҳлиё бо он ҳолате, ки дошт, аниқ мемирад, пас дигар дар ин дунё зистани вай чӣ маънӣ дорад?! Бо ҳамин андешаҳо домоди сиёҳбахт банди дарозеро ба болор партофт ва ҳалқаи дорро ба гарданаш андохта «Маро бубахш Маҳлиё, ки ниҳоли умри ҷавонатро хазон кардам! Азизам, ман номард нестам ва туро танҳо намегузорам. Аз пасат меравам ба оламе, ки роҳи бозгашт надорад. Алвидоъ ёри ширинам» гӯён, курсичаро тела зада аз зери пояш дур кард. Ҷисми домоди ноком чанд бор дар расан печутоб хӯрда, сипас аз тапидан бозмонд. Аз касофатии модари беандешаю ҷодугар ҷисми писари номурод бо шиму костюми домодӣ дар ҳалқаи дор алвонҷ мехӯрд…


Барқасди Нозанин модарам ба ман чунон духтари зебоеро ёфта келин кард, ки ҳуснаш рашки париёнро меорад.


                        Арӯси бе домод

Мардуми ба тӯй омада, арӯси бедомодро дар сари тахт дида, байни худ ба пичир-пичир даромаданд. Гулбибӣ ҳодисаи рӯйдодаро аз забони ҷӯраи писараш шунида бонг зад:

-Илоҳи сиёҳпичамарг шавад ин Маҳлиёи бекафани қогазхӯр! Зормонда кори мекардагияшро дар ҳамин рӯзи хурсандӣ кард?

Хоҳар-қудояш «кори намешудагӣ аллакай шудааст, илтимос, овоз набароред, ки меҳмонҳо фаҳманд, шармандаи ду олам мешавем» гӯён, аз китфаш кашола карда, ӯро ба берун баровард. Арӯси бе домодро пас аз як соати тӯй ба хонаи «бахт»-аш гусел карда ба меҳмонҳо гуфтанд, ки домодро дарди курруда гирифтааст. Мардуми бехабар аз қисмати талхи домоди номурод пайдарҳам нӯшбод гуфта, барои хушбахтию саломатии навхонадорон менӯшиданд ва сархушона рақсу бозӣ мекарданд, Набии либоси домодӣ дар тан бошад, аллакай бо олами мурдагон пайваста буд. Арӯс зор-зор мегирист, ки назди дӯсту душман шармандааш карданд.

Дар ҷустуҷӯи домод

Аҳли байти Набӣ ба беморхона ба ҷустуҷӯи писарашон рафтанд. Дар назди бинои беморхона хешу табори Маҳлиё, ҳамсабақону устодон ва шогирдонаш бо чеҳраҳои маҳзун нишаста буданд, вале Набӣ дар он миён наметофт. Гулбибӣ бо ситеза аз модари Маҳлиё Набиро пурсид. Модари аламзадаи духтари дар дами марг қарордошта, ки акнун дар фалокати ба сари фарзандаш омада гунаҳкор будани ин зани беандешаро медонист, чанг зада аз гиребони ӯ гирифту дод зад:

-Садқаи номи модар шавӣ, авблаҳ! Илоҳӣ оҳи дили духтараки фиребхӯрдаам туро бигирад! Писаратро аз зери чодари келинат ҷӯй, на дар ҷанозаи духтари ман!!!

Мардум ба зӯр гиребони Гулбибиро аз дасти модари Маҳлиё халос карданду вай ба мошин нишаста ба кофтукоби писараш рафт.

Ишқи хунрез

Он рӯз духтурон қариб шаш соат бо марг даст ба гиребон шуда, оқибат ҷони Маҳлиёро аз панҷаи шахшӯли аҷал бо қудрати Худованди ломакон халос карданд. Хурду калон нафаси сабук кашида аз пайи кори худ шуданд, танҳо модари зор назди духтараш даромада, дастони ӯро ба дидаҳояш молида мегирист. Ин вақт аз гӯшаи дигари шаҳр садои ҷигарсӯзи модари бераҳме, ки сабабгори марги писари нокомаш гашта буд, баланд шуда, синаи фалакро медарид:

-Сарам дар хок равад, домоди нокоми очае, кошкӣ туро аз дӯстдоштаат ҷудо намекардам! 

Зебои наварӯс либосҳои арӯсияшро бо либосҳои мотамӣ иваз карда сари тобути писархолаи паҳлавонаш нишаст. Ашк мерехт арӯсак ва худашро мазаммат мекард, ки чаро боре аз Набӣ напурсид, ки ба ин издивоҷ розӣ ҳастӣ ё не.

Дарди бе даво

Инак, чор моҳ мешавад, ки ҷавони паҳлавони аз сад гулаш як гул нашукуфта зери хоки сиях хоб аст, Маҳлиё бошад, бар асари заҳролуд шудан кару гунг гаштааст. Танҳо нофаҳмӣ ва ҷоҳилии модар сабабгори ин фоҷиаи хунин гашт. Гулбибии беандеша агар ба ҳарфи дили писараш гуш мекард, агар Зебо боре бо писархолааш дар хусуси тӯйи дар пеш истодаашон сӯҳбат мекард, агар Маҳлиё бо вуҷуди доноию порсоӣ садди оҳанини иродаашро намешикаст, агар аҳли ҷомеа бетарафӣ зоҳир намекарданд, шояд ин ҳодисаи ғамбори хунин рӯй намедод, вале афсӯс…

Анҷом!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД