shoh palace
Домоди ланг (қисми 2)
1450

Давомаш ... Аввалашро дар ин ҷо хонед.

 

Модарам бо ёрии устодам дар палатаи “люкс” хоб буду тамоми духтурҳо гирдаш парвона, вале дили ман дар синаам меларзид, ҳар лаҳза қиммату ғанимат буд.

 

Духтур ин авҳоли маро дида, маро ба палатааш таклиф карду гуфт:

- Беназирҷон, ман давлату сарвати зиёд дорам. Бо занам бо ошиқиҳои зиёд оила барпо намудаем, аммо як писар дорам бо нуқсони модарзодӣ. Ӯ қариб роҳ рафта наметавонад, пойҳояш мепечанд, писарам сисола аст ва дар ҳамин сӣ сол ман фақат ӯро табобат кардам. Босавод, донишманд, меҳрубон ва зебо аст, ба азобу машаққати беморияш нигоҳ накарда, донишгоҳро хатм намуда, ҳоло дар бонке ифои вазифа мекунад. Зан гирифтан намехоҳад, зеро духтароне, ки ба ӯ маъқуланд, бо маъюб оиладор шудан намехоҳанд. Ин ҳама ҷигари маро хун мекунад, зеро ӯ давомдиҳандаи насли ман аст, ҳамсарам ҳам аз шиддати асабоният ба бемории қанду фишорбаландӣ гирифтор шудааст. Агар ту розӣ шавию келини хонадони мо шавӣ, ман модаратро барои табобат ба Исроил мефиристам.

Барои ман муҳим набуд, ки домод кист ва аз куҷост, чӣ рангу намуд дорад, зинда мондани модарамро фикр мекардам. Тӯйи мо таъҷилӣ дар як ҳафта барпо шуд, хешу табор гумон мекарданд, ман барои он тӯй мекунам, ки модарам пеш аз мурдан бахтнок шуданамро бубинад. Танҳо падарам аз сири ман огоҳ буд.

Бо дидани домоди ланг аҳли деҳа ва хешу табор чӣ овозаҳое, ки накарданд. Ҷиҳози овардаи хушдоманам барои ду - се келин буд, аз ин рӯ, ҳама хаёл мекарданд, ки ман худамро қурбонии чизу чора ва боигарӣ кардам.

Баъди ду ҳафтаи тӯй бо мусоидати хусурам, модарамро ман ба Исроил бурдам, ҷарроҳӣ хеле хуб гузашт. Мо ба ватан баргаштем, хусуру хушдоманам, ки маро мисли духтарашон дӯст медоштанд, таклиф карданд то модарам то бақувват шуданаш дар хонаи мо монад.

Хонаи сеошёнаи барҳавои канори шаҳр, боғи зебову фаввораи рӯйи ҳавлӣ, модарам шукр мекард, ки аз байни духтарҳояш Худованд ба ман чунин бахту тахтро насиб гардонидааст.

ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:

ЗАНИ ДЕВОНА МЕШАВАМУ ЗАНИ ТУ НЕ!

Ман доим банди хондану зиндагӣ будаму маънои ишқро намедонистам, оҳиста-оҳиста ба ҳамсарам дил бастам ва ӯро чӣ гунае ҳаст, дӯст дошам.

Лутфи қисмат

Зиндагиамонро имсол понздаҳ сол мешавад, ман таҳсиламро идома дода, табиби занҳо шудаму имрӯз ба ҳайси духтури занҳо ифои вазифа мекунам.

Бемории шавҳарам модарзодист ва кӯшишҳои мо барои табобати ӯ фоидае накарданду маъюбӣ ӯро ба аробачаи маъюбӣ шинонд, вале ӯ ба зиндагӣ нигоҳи гарм дорад. Дар бонк кор мекунад, маоши хуб мегирад.

Худованд ба мо ду писару ду духтари нозанину солим ҳадя намуд. Хусуру хушдоманам давлати пирӣ меронанду падару модарам низ аз мо ризоянд.

Шояд бархе аз хонандаҳо низ гӯянд, ки агар ҳамсарат пулу мол намедошту хусурат модаратро ба табобат намебурд, ту ба маъюб намерасидӣ. Аммо ман мегӯям, ки агар ин мушкилот ҳам рӯйи роҳам намебуду ман тасодуфан бо шавҳарам вомехӯрдам, ба дили зебои ӯ ошиқ мешудам.

Ман ба қисмат барои ин лутфи хушаш ҳазорон бор раҳмат мегӯям. Мақсади ман аз навиштаи қиссаи зиндагиям он аст, ки инсон бояд ботинан маъюб набошад, маъюбияти ҷисмӣ садди муҳаббату инсоният шуда наметавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Савора Дилдор 2023-08-15, 23:23
Нисо Холид кандота бза. Ина ира меган маводи хонданибоб
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Савора Дилдор 2023-08-15, 23:23
Нисо Холид кандота бза. Ина ира меган маводи хонданибоб
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД