formula
Домоди якшаба
2535

 

Саломи худро ба муштариён ва ҳаводорони ҳафтаномаи “Оила” мерасонам. Ман ҷавонзани берӯзие ҳастам, ки хеле барвақт дучори номардиҳои қисмат, аниқтараш номардиҳои шавҳари бевиҷдонам гаштам.

Намедонам дар шикасти қалби худ киро гунаҳкор созам, волидонам, шавҳарам ё хусуру хушдоманамро. Баъд аз андешарониҳои зиёд тасмим гирифтам, ки сарнавишти худро ба шумо қисса намуда, фикру андешаи шуморо дар мушкили ба сарам омада пурсон шавам. Шояд шумо ба мани зору ҳайрон сабаби ба чунин рӯзҳо гирифтор шуданамро мефаҳмонед.

Чанд сол қабл мани 18-соларо модарам ба як хеши дурашон ба шавҳар доду шавҳарам бо ман ҳамагӣ як рӯз истода, пагоҳаш ба муҳоҷират сафар намуд. Шояд шумо ба гапи ман бовар накунед, вале ман ҳатто симои шавҳарамро дар ёд надорам. Вақте дар ин бора гап мезанам, бисёриҳо маро масхара карда мегӯянд, ки чӣ тавр симои шавҳарат дар ёдат нест. Дар ҳақиқат, ман дар хотир надорам, ки шавҳарам чӣ гуна сурат дошт. Азбаски волидони шавҳарам руҳонӣ буданд, маро бо рӯймоли калон арӯс карда, ба хонаашон оварданду амри маъруф карданд. Шавҳарамро ҳамагӣ як маротиба, ҳамон ҳам дар таги чодар дидам. Ҳамин қадараш дар ёдам ҳаст, ки аз шарм ба чашмонаш нигоҳ карда натавонистам. Субҳи шаби висол шавҳарам чипта доштааст. Модараш-хушдоманам баъди тӯй ба ман гуфт, ки писараш барои туйи домодӣ шуда, якҳафтаина ба ватан омада будааст ва барои аз даст надодани чойи кораш зуд ба Русия баргаштааст. Баъди як шаби бо шавҳар будан ман дар хонаи хушдоману хусурам танҳо мондам. Як сол аз байн гузашт, вале аз шавҳарам дараке набуд. Бо ҳамдигар ҳамагӣ як бор телефонӣ гап задем. Шавҳарам хеле сард гап зада, ба ман гуфт, ки ман метавонам ба хонаи модарам равам. Аз чунин муомилааш гирён шуда пурсидам, ки модоме бо ман зиндагӣ кардан намехост, чаро ин қадар хароҷот кардаву маро ба занӣ гирифт. Чаро бахтамро сӯзонду бераҳмона дар нимароҳ партофт? Ӯ дар ҷавоб гуфт, ки «ман туро барои гапи мардум ва ҳавасҳои ношикастаи падару модарам гирифтам. Ман ин ҷо зану ду фарзанд дорам. Ҳастии ман онҳоянд. Ба ту бошад, бахт мехохам. Маро бубахш».

Ин гапи шавҳарам маро бе корд кушт. Тавба, магар бо такдири одам чунин шӯхӣ мекунанд. Як соли дароз бо умед сар ба болин мегузоштам, ки рӯзе шавҳарам бармегардаду зиндагии хуш насибам мегардад. Дар гӯшаи хаёлам намеомад, ки маро ҳамчун як лӯхтак арӯс карда оварданду рӯзе мисли саг аз дарашон пеш мекунанд.

Баъди он ки шавҳарам умедамро аз зиндагӣ канд, гирёну нолон ба модарам занг зада, асли воқеаро накл кардам. Волидонам баъди ду соат омада, маро бе ҷангу ҷанҷол ба хонаамон бурданд. Аҷибаш дар он буд, ки хусуру хушдоманам ба ин рафтори писарашон оромона назар мекарданд. Маълум буд, ки аз зандории писари ягонаашон дарак доштанд. Худоё, чунин одамони бадро худат саришта кун! Инак, ман ҳамагӣ ба синни 21 даромадааму аллакай номи бевагиро гирифтаам. Дар муддати ду соли бе шавҳарӣ аллакай чандин нафар ба хонаамон хостгорӣ омад, вале ман дигар саросемавор шавҳар кардан намехоҳам. Дилам аз одаму олам ях гаштааст. Барои ман хеле аламовар аст, ки собиқ шавҳарам танҳо барои гапи мардум ва хоҳиши волидонаш мани ҷавонро ба занӣ гирифта, дар нимароҳи зиндагӣ партофт. Сабаби ба шумо нома навиштанам ҳамин аст, ки мехоҳам аз дигар ҷавонони дар муҳоҷират қарордошта хоҳиш намоям, ки иштибоҳи шавҳари маро такрор накунанд. Мардонавор бо зани мехостагии худ зиндагӣ намоянд, на ин ки барои чодари арӯсиву домодӣ шуда, ҳаёти як духтари дигарро сӯзонанд.

Таҳияи Шаҳлои Наҷмиддин

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД