sebiston july new
Домоди замонавӣ (ҚИСМИ 1)
4041

Мӯниса баъди рафтани хостгорон аз модараш пурсид:

- Очаҷон, домод чикора будааст?

- Духтарам, домод бачаи хондагӣ, дар куҷое муҳандис шуда кор мекардааст, падару модараш ҳам маълумоти олӣ доштаанд. Хулоса, табъи дили ману падарат,- таъриф кард модар.

- Оҳо, очаҷон, домоди замонавӣ гӯед,- ҳазл кард Мӯниса, ки табиатан духтари шӯхе буд.

- Ту ҳеҷ аз масхарабозӣ намондӣ, ки намондӣ,- модар бо лабханд акси домодшавандаро ба духтараш дароз кард.

Мӯниса ба сурат зеҳн монд. Чеҳраи домодшаванда ба назараш шинос намуд, вале ҳарчанд фикр кард, ҳеҷ ба ёд оварда натавонист, ки ин ҷавонро дар куҷо дидааст.

- Сари зонуҳои шимаш даридагӣ, бечора зан мегирам гуфта, чанд сол боз ҳатто ба худаш либос нахаридагист,- боз шӯхӣ кард Мӯниса…

- Масхара накун, ҳозир ҳама бачаҳои замонавӣ ҳамин хел либос мепӯшанд,- тарафи домодтӯраро гирифт модараш.

Ба таърифу тавсияҳои модараш нигоҳ накарда, сарулибоси булаҷаби домод дар дили Мӯниса шубҳаро ба вуҷуд овард ва қарор дод, ки пеш аз тӯй ҳатман як бор ҷавонро дида, хулоса мебарорад, ки онҳо бо ҳам ҷуфти муносибанд ё не.

Арӯси “разведчик”

Мӯниса шуъбаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллиро хатм карда, духтари замонавӣ буд, аммо ба ин нигоҳ накарда, бачаҳои мисли занҳо абрӯвонашон чидагӣ ва либосашон нимурёнро дӯст намедошт. «Хайрият, ки вай маро намешиносад. Бо ягон баҳона худам ба ҷойи кори домодшаванда меравам ва ӯро аз наздик мебинам»,- қарор дод пеши худ ин арӯси зирак ва роҳи корхонаеро пеш гирифт, ки аз рӯйи гуфти модараш домодшаванда дар ҳамон ҷо кор мекардааст…

“Шутурмурғ”

Дар акс Акрам бачаи бо тану тӯш менамуд, аммо дар асл харобтар будааст. Симои зоҳириаш чандон бад набошад ҳам, рафтору гуфтори ҷавон аз лаҳзаи аввал ба Мӯниса маъқул нашуд. Вақте ки Мӯниса ӯро суроғ карда рафт, лаҳзае пас Акрам аз утоқи кориаш баромад ва ӯро дида, бо нозу ишвае, ки хоси духтарҳост, гуфт:

- Приветик! Красавица, чӣ даркор шуд, ки мана кофтӣ?

- Салом! Акрам шумоед? Ман имсол ба Донишкадаи политехникӣ дохил шудан мехоҳам. Шунидам, ки шумо ҳамон донишкадаро аъло хатм кардаед, барои ҳамин ба суроғатон омадам, ки аз шумо маслиҳат бигирам,- Мӯниса базӯр ғазабашро фурӯ бурда, табассум кард, то ҷавон пай набарад, ки ғаши ӯро оварда истодааст.

- Ой, неужели? Ман ҳозир практикант, чандон таҷрибаи зиёд надорам, лекин…

- Ҳеҷ гап не, мо метавонем дӯст шавем,- сухани ӯро бурид Мӯниса…

- Ой, мон ҳамин шумо-шумоя, охир мо одамҳои современний-ку,-Акрам лабханди аблаҳонае карда, суханашро давом дод,- метавонӣ мана Алик гуфтан гирӣ. Фақат предупреждаю, ман ба наздикӣ зан мегирам, так что…

- Натарс, ман ба гардани ту овезон шуданӣ нестам. Ман ҳам номзад дорам,- таъкид кард Мӯниса ва аз дил гузаронд, ки ягон духтари боақл ба ту барин “шутурмурғ”, ки на забони тоҷикиро дуруст медонаду на русиро, ба шавҳар намебарояд…

- Ну тогда пошли гулять,- Акрам нимтаъзим карда, ҳамчун ҷентелмени асил Мӯнисаро ба пеш гузаронд ва онҳо аз бинои корхона баромаданд…

Ш. НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД