shoh palace
Донишҷӯёни тоҷик сафири Арабистонро қоил карданд
1116


Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии забони арабӣ миёни донишҷӯёни фаъоли факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо (кафедраи забони арабӣ)-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озмуни илмӣ баргузор гашт.

IMG_2887

Валид ибни Абдурраҳмон Ал-Решайдон, Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита дар ин озмун ширкат намуд.

IMG_2891
Лозим ба ёдоварист, ки чорабинии мазкур ба хотири гиромидошти забони арабӣ аз тарафи факултети забонҳои Осиё ва Аврупо (кафедраи забони арабӣ)-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, дар он донишҷӯёни фаъоли факулетет иштирок намуданд.

IMG_2883

Юсупов Фирдавс дар бахши илми наҳв, Саидхоҷа Дониёр дар бахши илми сарф, Бобоева Саида дар ҳифзи матни “Муаллақоти сабъа”, Раҳмонзода Зарина дар ҳифзи зарбулмасалҳои арабӣ, Зиёдуллоева Миҷгона дар бахши географияи давлатҳои арабӣ ғолиби озмун дониста шуда, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. 

Сафир зимни суханрониаш ба сатҳи дниш ва маҳорати бачаҳои тоҷик, ки дар озмун ширкат доштанд, баҳои баланд дода, талошҳои пайвастаи роҳбарияти ин факултетро дар рушду такмили истеъдоди донишҷӯён дар соҳаи омӯзиши забони арабӣ ситоиш намуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД