sebiston july new
Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ шореҳони варзишро омода мекунад
785



Дар факултаи журналистикаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон хабарнигорони соҳаи варзишро омода мекунанд.


Ҳамасола 8 то 10 нафар хатмкунанда аз ин гурӯҳ бо ҷойи кор дар телевизион ва радиоҳои кишвар таъмин карда мешаванд.

Шодӣ Сафаров, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ дар ин бора сухан гуфта, таъкид намуд, ки хатмакунандагоне, ки панҷ факултети донишкадаро дар шуъбаи рӯзона хатм мекунанд, ба ҳамаи онҳо рутбаи ҳарбӣ дода мешавад.

“Имсол дар донишкадаи мо шумораи довталабон аз миёни духтарон 208 нафарро ташкил кард, ки дар қиёс ба чанд соли охир беназир аст. Духтароне, ки ба варзиш шавқу рағбат доранд ва мехоҳанд донишҷӯи донишкадаи мо шаванд, барояшон имтиёз медиҳем”-гуфт ректори донишкада.

Айни замон аз 5180 нафар донишҷӯе, ки дар донишкада таҳсил мекунанд, 172 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Тибқи квотаи Президентӣ 172 нафар духтарон ба донишкадаи мазкур дохил шуда, дар риштаҳои гуногун таҳсил мекунанд. Ҳоло шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар ин донишкада 194 нафарро ташкил медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД