toyota motors
Дӯст доштани зан-модарро аз шеъри устод Лоиқ Шералӣ омӯзед
78

Дар васфи зан-модар бисёр мутафаккирон, нависандагон, шоирон, олимон ва дигар муҳаққиқони бузург асарҳои бешуморе навиштаанд, вале бузургии ин олиҳаи беназирро касе ба мисли устод Лоиқ Шералӣ вафсу тасвир накардааст.

Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан,

Сутуни гунбади миноӣ, эй зан.

Натанҳо қалъаи дилҳоӣ, эй зан,

Ки ҳатто қалъаи дунёӣ, эй зан.

Устод Лоиқ Шералӣ дар шеъраш занро ба сутуни гунбади мино ташбеҳ дода, таъкид менамояд, ки ҳама бори ҷаҳон бар дӯши зан буда, зиндагӣ бидуни ин олиҳаи меҳру муҳаббат аслан рангу бӯйе надорад.

Лоиқ Шералӣ зан-модарро сарчашмаи ҳаёт дониста, мегӯяд, ки шуҳрати инсон ба авҷи кибриё расад ҳам, боз мисли кӯдаки гаҳвора ниёз ба меҳри модар дорад:

Дилам хоҳад равам бар кӯи модар,

Вуҷудам пур шавад аз бӯи модар.

Тамоми рӯйи дунёро бигаштам,

Надидам рӯйи хӯш, ҷуз рӯи модар.

Васфи зан-модар дар ашъори устод Лоиқ Шералӣ яке мавзуҳои асосӣ ба шумор рафта, ин шоири рангинбаён қадру манзалати ӯро ба арши аъло расонидааст. Чанд насли тоҷик бо шеъри Лоиқ ба камол расидаву то ба имрӯз дар радиову телевизион ва чорабиниҳои гуногуни идонаву фарҳангӣ ашъори беназири Лоиқ Шералӣ дар васфи зан-модар садо медиҳад, вале мутаассифона шеъри Лоиқро тӯтивор азёд мекунем, вале аз ашъори беназири Лоиқ чӣ тавр қадр кардани занон ва модаронро намеомӯзем. Муносибати дағалонаи бархе аз ҷавонмардон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нисбат ба занону духтарон ва хушунату зӯроварӣ алайҳи зан дар бархе аз оилаҳо далели равшани ин гуфтаҳост.

Марде, ки ба умқи шеъри Лоиқ расидааст, ҳеҷ гоҳ ба сари зан, ки олиҳаи меҳр ва фариштаи муҳаббат буда, гармию нури ин дунё аз ҳастии ӯст, даст намебардорад ва бо ҳарфи ноҷо дили нозуки зан-модарро озор намедиҳад, зеро:

Гар равад зери замин ё ба фалак хайма занад,

Ҳар куҷо марди бузургест, гирифтори зан аст!

Ман фикр мекунам, ки осори устод Лоиқ Шералӣ бояд роҳнамои зиндагии мо бошад ва чӣ тавр дӯст доштану қадр кардани зан-модарро аз ин қаламкаши беҳамто, ки яке аз беҳтарин шоирони Шарқ дар қарни ХХ ба ҳисоб мерафт, омӯзем.

Ҳикматулло САНГИНОВ,

донишҷӯйи соли сеюми факултаи журналистикаи ДМТ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД