Arzon march 2024
ДӮСТОНИ РАДИОӢ (ҚИСМИ-3)
1936

Санавбар, туро дӯст медорам

 

Як шаб телефонӣ суҳбати тулонӣ доштем. Эҳсосамро баён карданӣ шудаму гуфтам:

-Санавбар, туро дӯст медорам!

-Чӣ –ҳайратзада пурсид.

-Туро дӯст медорам!

-Баландтар бигӯ!

-Санавбар, дӯстат медорам,-гуфтам бо садои баландтар.

-Не, боз ҳам баландтар бигӯ.

-Санавбар, дӯстат медорам,-аз пештара баландтар гуфтам.

-Боз ҳам баландтар!

-Ҳамин қадар метавонам. Ман ҳоло дар хона, дигар имконияти баландтар гуфтан надорам. Аммо ин дафъа, ки вохӯрдем, ман ҳатман бо тамоми ҳастӣ “Санавбар, туро дӯст медорам” гуфта, дод мезанам.

-Не, ту наметавонӣ!

-Метавонам!

Ин хоҳиши худам ҳам буд. Мехостам шодии қалбамро бо ҳамагон тақсим кунам. Як рӯзи равшане, ки офтоб танҳо нур мепошид, аммо ҳаво сард буду ягон-ягон қатраи борон ба сару рӯямон мечакид, Санавбарро ба боғи Ғалаба даъват намудам. Ба баландтарин нуқтаи мавҷуд баромадем. Ҳамин лаҳза буд, ки Санавбар ба ман ваъдаамро ёдрас намуд. Пуштамро ҷониби Санавбар ва рӯямро ба самти боғи пур аз одам намудаму бо садои баланд дод задам:

-Санавбар, дӯстат медорам!

-Эҳ, накун... накун... девона... мардум чӣ мегӯяд?! Накун... илтимос...

Аммо гӯш намедодаму чандин бор ин ҷумларо такрор кардам.

 

Ҷентилмен

 

Боре каме ҳазл кардем. Ӯ гуфт, ки чаро ҳангоми суҳбат ман ӯро ягон бор набӯсидам. Ишора кардам, ки ин бор агар бинем, ҳатман аз пешонааш мебӯсам. Ӯ бошад:

-Эҳа, шумо бутун ҷентилмен будаед ку?! Охир аз пешониям бобоям ҳам мебӯсад...

-Хайр бинед да...

Ин вохӯрӣ, бо баҳонаи суханҳои худаш, ки гӯё қаҳрам омада бошад, ӯро бӯсидам... Пешакӣ бо ҳазл таъкид кардам, ки агар як бор ӯро бусам, ӯ ним соат ба худ намеояд. Ва чунин ҳам шуд. Ин лаҳза тапиши қалбам аз ӯ вобаста гашт... Аммо гӯё Санавбар бештар мехост. Ҳеҷ намехост лабонашро ҷудо созад... Аммо ман канор гирифтам ва борҳо таънаи ҷентилмен буданро шунидам...

 

Фоли қалб

 

Ба сафари хизматӣ бояд ба ноҳияи Данғара мерафтам. Ин хабарро ба Санавбар расондам. Ӯ, ки бе ин ҳам аз ман фосила дошт, якбора андӯҳгин шуду нарафтанамро хоҳиш кард. То ин муддат ман алаккай дар бораи ӯ, падару модар, бародару хоҳарон ва ҳатто фарзандонаш маълумоти зиёд ва то ҷое бо бархе дӯстӣ доштем. Бо хоҳараш Ҳусния баъзан вақт ҳамсӯҳбат мешудем. Ӯ ба ман нақл мекард, ки чӣ гуна рафторҳои апааш дар муддати кутоҳи дӯстӣ бо ман тағйир кардаву ба маротиб дилгармтар шудааст. Дар мавриди чандин бор қасди худкӯшӣ карданаш ҳам ба ман нақл мекард. Ӯро дар байнамон хостгор меномидем. Ҳа, бале... бо писараш Муртазои понздаҳсола ҳам чанд боре бо телефон ҳамсӯҳбат шудем. Ба ӯ барои иҷро кардани вазифаи хонагияш ёрӣ мерасондам...

Дар Данғара бояд чанд рӯзе мемондам. Аз субҳ то шом ва аз шом то субҳ корам сӯҳбат бо Санавбар буд. Як бор дар бораи хоҳарон ва духтаронаш сӯҳбат мекард. Хоҳараш Ҳуснияро медонистам. Номи як духтараш Ёсуман ба номи духтарам Ёсамин монанд. Номи духтари шавҳардораш Сулҳия ва духтари хурдиаш Оиша буд. Намедонам барои чӣ, қалбам ба ман мегуфт, ки ӯ аслан Санавбар ном надорад. Ин номи аслии ӯ буда наметавонист. Дар суҳбати телефоние ба ӯ гуфтам:

-Номи воқеии ту чист?

-Чиро дар назар дорӣ? Ман Санавбар, ту медонӣ кӯ?!

-Не, ту Санавбар нестӣ. Бо шунидани номи хоҳарону духтарат ман яқинам, ки номат Лутфия аст..

Чизе нагуфт ва телефонро хомӯш кард. Бовараш наомад, ки ин номро қалбам ба ман гуфтааст. Ман барои номи аслии ӯро фаҳмидан ба Ҳисор нарафтаам ва аз касе ҳам суол накардам. Фақат дилам гуфт. Дили девонаам, ки вақтҳои охир чӣ хостанашро намедонистам.

Баъдтар худаш тамос гирифту пурсид, ки аз куҷо номи аслияшро медонам. Ба ҳеҷ ваҷҳ бовараш намеомад:

-Наход дилат ҳамин гуна нишонрас бошад. Агар номи ман Лутфия неву Зулфия бошад чӣ?

-Не, ин хел буда наметавонад. Номи ту бояд Лутфия бошад, на чизи дигар.

-Хуб, шумо номи маро ёфтед. Акнун метавонед номи аслиямро гирифта, садо кунед.

-Не, ман ин корро намекунам.

-Барои чӣ?

-Дар зеҳнам ман туро ҳамчун Санавбар медонам. Ман ошиқи зане бо номи Санавбар гаштаам, на Лутфия. Он лаҳза ки гуфтам “Санавбар, туро дӯст медорам!”, ҳамон лаҳза ин калима дар мағзи устухонам ҷо гирифт. Санавбари ман то охир бароям Санавбар мемонад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД