Ду ҷавон бо гумони дуздии ноутбукҳои гуногун дастгир шуданд
11.12.2025
Oila.tj
117

Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ сокинони шаҳри Душанбе Исломов Умед ва Саидзода Эҳсон аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ дастгир карда шудаанд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ муайян карда шудааст, ки Исломов У. қаблан ду маротиба бо ҷурми дуздӣ суд шудааст. Аммо, ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, шаби 4-уми декабри соли ҷорӣ ҳамроҳи Саидзода Э. ба бинои Корхонаи воҳили давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Н. Қарабоев ворид гардида, аз он ҷо 5 адад ноутбукҳои гуногунро рабудаанд.

Гумонбарон айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбати онҳо бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, оид ба дигар кирдорҳои ҷиноятии дастгиршудагон тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД