Commerc banl
Ду довари тоҷик барои се давр аз ҳакамӣ маҳрум шуданд
12.03.2026
Oila.tj
67

Наврӯз Воҳидов ва ёвари аввали ӯ Фаридун Маҳмадиев, ки бозии даври якуми чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои «Парвоз» ва «Истаравшан»-ро доварӣ мекарданд, аз ҳақи ҳакамӣ барои се давр маҳрум шуданд.

Дар ин бора пас аз ҷаласаи Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки 11-уми март баргузор гардид, иттилоъ дода шуд. Дар ҷаласа шикояти дастаи «Истаравшан» вобаста ба голе, ки дар дақиқаи 90+3 ба дарвозаи онҳо зада шуда буд, баррасӣ гардид.

Пас аз таҳлили наворҳои бозӣ кумита ба хулоса расид, ки довари марказӣ Наврӯз Воҳидов дар он лаҳза иштибоҳан голро ҳисоб кардааст. Ба гуфтаи масъулон, ин қарор ба натиҷаи ниҳоии бозӣ таъсир расонд ва рақобат бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.

Бо дарназардошти ин ҳолат, кумита қарор дод, ки Воҳидов ва ёвари якуми ӯ Фаридун Маҳмадиев аз доварии бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистон барои се давр маҳрум карда шаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД