formula
Ду примадона дар соли 2023 саҳнаи ҳунарро тарк карданд
987


Ҳунарманди маъруфи эронӣ Гугуш ва устоди мусиқии Афғонистон Маҳваш бо далели куҳансолӣ ва кам шудани қувваи ҷисмонӣ дар соли 2023 саҳнаи ҳунарро тарк карданд.

Ин ду овозхони маъруф миёни тамоми дӯстдорони савту наво маҳбубият дошта, бештар консертҳои худро дар кишварҳои Аврупо баргузор намудаанд.

Худоҳофизии Гугуш бо саҳна

Гугуш, сарояндаи маҳбубу саршинос аввалин шуда бо саҳнаи ҳунар хайрбод гуфт. Ӯ қабл аз он, ки бо саҳна худоҳофизӣ намояд, силсилаконсертҳои худро бо номи "Фасли охар" дар кишварҳои Аврупо баргузор намуд. Мавсуф пас аз он ки миёни мухлисонаш овозаи тарк кардани саҳна паҳн шуд, дар мусоҳибае бо телевизиони "Эрон Интернешнал" иброз дошт, ки бо далели куҳансолӣ наметавонад дигар рӯйи саҳна тарона хонад. Гугуш дар ин сӯҳбат далели тарк кардани саҳнаро чунин шарҳ додааст:

"Бароям мушкил буд, вале аз як тараф дилам намехоҳад дар ин син мушкиле ё кӯтоҳие дар рӯйи саҳна дошта бошам. Чун ман ҳамеша саъйам ин буд, ки беҳтаринҳои худамро иҷро кунам. Вақте ки синну сол ба ин ҷо мерасад, боис мешавад, ки тавоноиҳои инсон дар ин замина кам шавад. Ман доштани он тавонмандиҳоро дар худам ҳис мекунам ва намехоҳам дарвоқеъ шармандаи он Гугуше бошам, ки интизор аз ӯ ҳаст. Ҳамеша тавре будааст, он корҳое, ки мардум ва касоне аз ман дидаанд, онро нигаҳ дорам."

Гугуш ҳамзамон бо пахши як навори кӯтоҳ бо тамоми мухлисонаш хайрбод гуфта буд, ки ба зудӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид. Ин примадонаи эронӣ дар навори худоҳофизии худ чунин иброз намудааст:

"Фасли худоҳофизии ман аз сарзамини истеъдодиам саҳна аст. Аз ҷое, ки беҳтарин хотираҳои зиндагиамро бо Шумо аз ибтидо тақсим кардам. Ман ҳатто худамро аз ҷинси нигоҳҳои Шумо санҷидаму шинохтам. То буландтару буландтар паридам. Тасмими мантиқӣ, аммо душворе мисли бисёре аз тасмимҳои дуруст. Шояд, агар дасти худам буд, худоҳофизӣ намекардам. Дубора ба дидоратон миём ба шаҳрҳое, ки дар ин 23 сол ба рӯйи саҳна рафтам ва дар канори Шумо худамро идома додам. Аз ин бобат ҳам шукргузор ва ҳам аз Шумо сипосгузорам..."

Ин овозхони маҳбубу маъруфи эронӣ гуфтааст, танҳо бо саҳна худоҳофизӣ мекунад, вале эҷоди сурудҳои навро идома медиҳад.
Ҳоло ин сарояндаи хушовоз 73 сол дорад.

Хайрбодии модари мусиқии Афғонистон-Маҳваш бо саҳнаи ҳунар

Сарояндаи маъруфи афғонитабор Маҳваш низ бо далели расидан ба куҳансолӣ бо саҳнаи ҳунар худоҳофизӣ кард. Маҳваш яке аз номдортарин ва маҳбубтарин овозхони афғон мебошад, ки миёни дӯстдорони савту наво дар тамоми олам маъруфият пайдо кардааст. Ӯ тавонистааст бо вуҷуди вазъи душвор ҳамчун зан, 56 сол рӯйи саҳна ҳунарнамоӣ кунад. Мавсуф нахустин зани ҳунарманди Афғонистон аст, ки ба ӯ лақаби устоди мусиқии Афғонистонро додаанд.
Дар консерти худоҳофизии Маҳваш, ки аз ҷониби телевизиони "Тӯтӣ" дар Иёлоти Вирҷиниёи Амрико баргузор шуд, беш аз 2000 тамошобин иштирок карданд.

Аз сарояндагони Тоҷикистон Шабнами Сурайё ва Ҷонибек Муродов дар ин чорабинӣ ҳунарнамоӣ карданд.

Маҳваш чанд моҳ қабл ҳангоми ифтитоҳи пайкараи "Модари мусиқии Афғонистон" ба мухлисону ҳаводоронаш изҳори сипос намуда, чунин иброз дошт:

"Қурбони так-таки шумо шавам. Шумо ҳамеша ба ман муҳаббат доштаед. Ман Гулолай Фарида як духтари гумном будам ва ҳатто таҳсилоти худро таклим накардам ва фақат аз Шумо омӯхтам ва шумо ба ман дарси муҳаббат, ҳақиқат ва дурустиро додед. Ман ташаккурӣ мекунам аз Иттиҳодияи ҳунармандони Афғонистон, ки ба ман лақаби устураи мусиқӣ ва модари мусиқиро доданд. Шумо будед, ки маро Маҳваш сохтед ва шумо будед, ки зиндагиро аз сифр шуруъ кардам”.

Ин сарояндаи маъруф алҳол 76 сол дорад.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД