sebiston july new
Ду рӯзи оянда ҳавои номусоид дар назар аст
712

Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки санаи 18-19 октябр дар ҷумҳурӣ якбора вазъи ҳаво номусоид шуда, шиддатёбии шамол ва боридани борон дар назар аст.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар додааст.

Гуфта мешавад, дар баъзе ноҳияҳои кишвар бо сабаби боридани борони сахт омадани сел низ дар назар аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёт бошанд ва кӯдакони худро барои ҷамъоварии ҳезум ва алаф, чорвочаронӣ ва дигар корҳо ба куҳҳо равон накунанд. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД