Дуэтҳои дилнавози шодравон Дамирбек Олимов
171

Шодравон Дамирбек Олимов яке аз овозхонҳои маҳбуби санъати тоҷик буд, ки бо сабки хосу овози дилнишинаш дар қалби мухлисон ҷойгоҳи махсус дошт. Ӯ на танҳо бо таронаҳои якка, балки бо дуэтҳои зебову хотирмон низ шуҳрати зиёд касб намудааст.

Ҳамкориҳои эҷодии ӯ бо сарояндагон ва бахусус бо сарояндаи маъруф Нигина Амонқулова дар саҳнаи мусиқии тоҷик саҳифаи нав боз кардааст. Таронаҳои дуэтии онҳо, аз ҷумла «Моҳи Зарафшон», «Ялалум», «Мавригӣ», «Зиндагӣ», «Ранҷидай» ва «Ҷон бачаи хола» то имрӯз миёни мухлисон маҳбубият доранд. Ин сурудҳо бо оҳанги дилнавозу матни дилнишин ва ҳамоҳангии зебои овозҳо фарқ мекунанд.

Масалан, таронаи «Моҳи Зарафшон» зебоии диёри тоҷик ва ишқи покро тараннум мекунад, дар ҳоле ки «Зиндагӣ» ва «Ранҷидай» бештар ба эҳсосоти инсонӣ, муҳаббат ва дардҳои дил бахшида шудаанд. «Ялалум» ва «Мавригӣ» бошанд, бо рӯҳи миллӣ ва оҳангҳои анъанавӣ шунавандаро ба фазои фарҳанги тоҷикӣ мебаранд. Ин дуэтҳо нишон медиҳанд, ки чӣ гуна ду ҳунарманд метавонанд бо ҳам эҷодиёти нотакрор ба вуҷуд оранд.

Матни таронаи "Зиндагӣ" ниҳоят таъсирбахш буда, фалсафаи зиндагӣ дар он таҷассум ёфтааст:

Зиндагӣ даме шодона,

Зиндагӣ гаҳе ғамхона.

Зиндагӣ аҷаб афсона,

Талху ширин паймона.

Як баҳонае будан,

Бо як ишорае рафтан.

Чун Сафинае мондан,

Ё чун қаторае рафтан.

Омадан ба як дидор,

Ё бо назорае рафтан.

Сурудҳои Дамирбек Олимов бо оҳангу матни зебо дар дили ҳар шунаванда ҷой гирифтаанд.

20-уми марти соли 1989 санаи таваллуди ин сарояндаи муваффақи тоҷик аст. Ҳарчанд ӯ хеле барвақт аз олам гузашт, аммо таронаҳои рӯҳнавозаш номи некашро ҷовид гардонидаанд.

Имрӯз номи Дамирбек Олимов ҳамчун яке аз чеҳраҳои дурахшони мусиқии муосири тоҷик боқӣ мондааст. Таронаҳои ӯ, махсусан дуэтҳояш на танҳо хотираи як ҳунарманд, балки як давраи зебои мусиқиро таҷассум мекунанд.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД