shoh palace
Духтарчаи 5 сола писарча таваллуд кард?
2160

Ин ҳодисаи аҷиб бо Лина Медина 70-сол қабл рух дода бошад ҳам, то ҳол ба ҳақиқат доштанаш бовари кас намеояд.

Лина Медина соли 1933 дар шаҳраки хурди Перу ба дунё омадааст. Онҳо дар оила 9 нафар буданд. Вақте шиками Линаи хурдакак дам кард, табибон гумон карданд, ки ба бемории саратон гирифтор шудааст, вале рентген нишон дод, ки духтарча ҳафтмоҳа ҳомиладор аст. Замоне ки духтарак фарзанди якумашро таваллуд кард, ҳамагӣ 5 солаву ҳафтмоҳа буд. Азбаски устухони коси Лина инкишоф наёфта буд, табибон кӯдакро тавассути ҷарроҳии чоки қайсар гирифтанд. Писарбачаи навзод 2700г вазн дошта, комилан солим буд. Лина Медина диққати олимони тамоми ҷаҳонро ба худ ҷалб намуд. Маълум гашт, ки духтарчаро дар 8 моҳагӣ давраи ҳайзаш сар шуда, дар чор солагӣ ғадудҳои ширияш пурра ташаккул ёфтаанд.Лина дар бораи падари фарзандаш ё чӣ гуна ҳомила шуданаш ҳеҷ гоҳ чизе нагуфтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Бону 2019-05-29, 10:48
Тавба кардаи Худо...
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Бону 2019-05-29, 10:48
Тавба кардаи Худо...
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД