toyota motors
Духтари бангӣ (ҚИСМИ 1)
330

Хуршед аллакай аз паси қуллаҳои барфпӯш сар кашида буд, вале дар ҳавлии бобои Наҷмиддин гӯё ҳанӯз шаби тор ҳукмфармоӣ мекард. Суман, ки шаш моҳ пеш бо орзуҳои рангин ба назди амакаш ба шаҳри Питер рафта буд, акнун мисли сояи худаш баргашт. Умедҳои падар, ки мехост духтари бемори нафасгираш дар ҳавои тозаи русӣ шифо ёбад, мисли косаи чинӣ бар замин хӯрдаву реза-реза шуда буд.

​Рӯзе падар дар анборхонаи кӯҳна миёни асбобу афзори деҳқонӣ дегчаеро ёфт, ки ҳанӯз аз он гармии аҷибе тароват мекард. Бӯйи тунду масткунандае ҳаворо гирифта буд. Вақте ӯ дастпӯшакҳои резинӣ ва сӯзандоруҳои хунукро дид, дастонаш ба ларза омаданд.

- Худоё,- худ ба худ пичиррос зад ӯ.- Ин чист? Магар гурбаи сиёҳе аз миёни хонадони мо гузаштааст?

​Бегоҳирӯзӣ Суман бо қадамҳои ноустувор аз дари ҳавлӣ даромад. Чашмонаш сурх, пилкҳояш варамида ва нигоҳаш ба нуқтаи номаълуме дӯхта шуда буд. Падар ӯро ба суфа хонд.

- Бишин, духтарам,- гуфт падар бо садое, ки аз дард меларзид.- Бигӯ, ки дар он мулки ғурбат чӣ балоеро ба сари худ харидӣ? Ин сӯзандоруҳо дар анборхона азони туст?

​Суман аввал хост бо табассуми сохтае ҷавоб диҳад, вале лабҳояш ларзиданду ашк аз чашмонаш ҷорӣ шуд.

- Отаҷон, ман, ман намехостам. Дар он ҷо танҳо будам, ҳаво сард буд, нафасам танг мешуд. Як дугонаам гуфт, ки ин доруст, туро ором мекунад. Аввал каме сабук шудам, баъд фаҳмидам, ки дар дом афтодаам.

- Эҳ, фарзанди нодонам,- оҳ кашид падар.- Магар намедонӣ, ки нашъа душмани ҷон аст? Ту гул будӣ, акнун хазон шудӣ. Модарат агар фаҳмад, дилаш зада, мемирад.

​Модар, ки дар хонаи паҳлу буд, садои онҳоро шунида, бо душворӣ назди онҳо омад. Рангаш зард гашта, даст ба девор мегирифт.

- Чӣ гап аст, мардак? Чаро ба сари духтар дӯғ мезанӣ?,- пурсид модар.

Падар дигар тоқат накард. Чизҳои ёфтаашро пеши модар гузошт:

- Бубин, занак! Духтаратро дар Русия табобат кардаанд. Ин аст доруи нафастангии ӯ.

​Модар ба сӯзандоруҳо нигоҳ карду гӯё барқ ӯро зад. Чун соя ба замин нишаст. Нафасаш гашта, танҳо як ҷумла гуфт:

- Лаънат ба он рӯзе, ки туро аз пеши чашмам дур кардам!

Ҳамон шаб модарро фишори хунаш баланд шуд. Хонаи обод дар як лаҳза ба мотамхона табдил ёфт.

​Падар бо нияти охирин Суманро маҷбурӣ ба мошин шинонд, то ба маркази наркологӣ барад. Суман дар роҳ мисли кабки дар қафас метапид:

- Отаҷон, маро набаред. Маро мекушанд. Ман бе он дору зинда монда наметавонам. Устухонҳоям мешикананд.

​Дар шифохона духтурон Суманро ба палатаи махсус бурданд. Падар аз паси шиша медид, ки чӣ тавр ҷисми заифи духтараш аз дард мепечид. Ӯ мисли кӯдаки навзод нола мекард, даст ба девор мезад, мӯйҳои худро меканд.

- Дору диҳед. Танҳо як бор,- зорӣ мекард Суман бо овози хирросӣ.

Духтур ба падар наздик шуда, оҳиста гуфт:

- Амак, дер шудааст. Героин ба тамоми узвҳои ӯ рафтааст. Танҳо муъҷиза метавонад ӯро наҷот диҳад.

Суман дар палатаи шифохона, вақте ки дарди ҷонкоҳ тамоми баданашро мисли арра мебурид, ба ёд меовард, ки чӣ тавр ин ҳама оғоз шуд.

Питер шаҳри зебо буд, вале барои духтараки деҳотӣ, ки ҳамеша нафасаш танг мешуд, ҳавои намноку сарди он мисли зиндон менамуд.

Рӯзе дар боғи назди хонаи амакаш, вақте ки аз сулфаи зиёд рангаш канда буд, як ҷавони ҳамватанаш бо исми Карим наздик шуд.

- Чаро азоб мекашӣ, хоҳар?,- гуфт ӯ бо лабханди маккорона.- Як доруи аҷибе дорам, ки дар Русия ҳама аз он истифода мебаранд. Нафасатро кушода, дилатро равшан мекунад.

​Бори аввал, вақте ки он гарди сафедро чашид, гӯё дар осмонҳо парвоз кард. Дарди қафаси синааш гум шуд. Вале ин парвоз роҳе буд ба сӯйи ҷаҳаннам. Карим аввал ройгон медод, баъд пул талаб кард. Суман тамоми тиловориҳои бо заҳмат ҷамъкардаи модарашро фурӯхт. Вақте пул тамом шуд, ӯ маҷбур шуд ба корҳои паст даст занад, то танҳо як бор он гарди маргро пайдо кунад. Ӯ дар Питер на танҳо саломатӣ, балки иффату ғурури худро низ гум карда буд.

Дар хона бошад, вазъият аз шифохона ҳам вазнинтар буд. Модари Суман - холаи Соҷида, ки нисфи баданаш аз кор монда буд, танҳо бо чашмонаш гап мезад. Нигоҳи ӯ мисли тире буд, ки ба ҷигари бобои Наҷмиддин мезад.

​Падар назди бистари занаш нишаста, дасти сарди ӯро мемолид:

- Соҷида, шукр кун, духтарамон зери назорати духтурон аст. Худо хоҳад, боз ба ҳавлӣ мебарояд, рӯмол ба сар мекунад.

​Вале модар бо як ҳаракати заифи даст ба сӯйи тиреза ишора мекард. Ӯ медонист. Дили модар оина аст. Ӯ дар хоб дида буд, ки гули себи ҳавлиашонро тӯфон решакан кардаасту сел ба дарёи хун бурда истодааст.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД