arzon replenishment
Духтари муаллим (қисми 2)
1735

 

Давомаш ...

Ҳамсарам занашро худаш ёфт ва ману модарам барои хостгорӣ рафтем, ин духтараки соҳибҷамолро, ки волидонаш тӯъмаи аждаҳои ҷанги бародаркуш гашта буданд, холааш ба воя расонида буд. Боварӣ доштам, ки ӯ барои ман на палонҷ, балки хоҳар мешавад, аммо хаёлам хом баромад…

Палонҷам аз ман даҳ сол хурд бошад ҳам, чунон бало буд, ки шайтонро дарс медод. Аввалҳо ман барои ӯ апаҷон ва падару модарам бобою бибӣ буданд, вале бо таввалуди пай дар пайи фарзандон дигар ӯ бо мо умуман гап намезад, ҳатто намемонд, ки мо дасти фарзандонашро дорем.

Ӯ дар панҷ сол барои шавҳарам чор паҳлавонписар ба дунё оварда, пешаш шарт гузошт, ки пиру кампир ва зани инвалидзоятро аз хона пеш мекунӣ. Шавҳарам моро ба Душанбе оварда, дар хонаи якҳуҷрагии иҷорае гузошт.

Бародарам аз Маскав каму беш пуламон мефиристод, шавҳарам хоҳад, дар як моҳ як бор меомад, нахоҳад не. Дар ин миён модарам ба бемории саратони меъда гирифтор шуданду ҳоламон бадтар шуд, илоҷи дигар наёфта, ба коркобӣ баромадам.

Қадам ба роҳи каҷ

Сарвари яке аз корхонаҳои бонуфуз пешниҳод кард, ки агар маъшуқааш шавам, маро ба кор мегираду ба донишгоҳ дохил мекунад, ёриам мерасонад. Розӣ шудам, ба ошиқи пирам, ки аз ман сӣ сол калон буд, аз ҳад зиёд маъқул будам ва ӯ бароям хонаи панҷҳуҷрадор харида, хонаро ба номам карда, ба факултаи иқтисодии яке аз донишгоҳҳои овозадор дохилам намуд, модарамро барои табобат ба хориҷа фиристод. Падарамро ҳоҷӣ кард.

Табобатҳои гароннархи ошиқи пирам буданд, ки модарам бо бемории саратон бист соли дигар зиндагӣ намуданд. Зеро мо ҳар сол дар Ҳиндустону Олмон табобат мегирифтем.

Шавҳар-писарамакам чун фаҳмид, ки ман маъшуқаи кӣ ҳастам, аз тарс талоқамро дод, вале нагуфт, ки “ман дар хонаву дари шумо зиндагӣ мекунаму марҳамат ҳамин як маблағи муайянро гир”, ӯ ҳатто пули замину боғи падару модари бачамурдаи маро надод…

Бозичаи мардони ҳавасбоз        

Ҳамин тавр, дар даҳ соли бо ошиқи пирам будан соҳиби ҳама чиз шудам, вале оғӯши ин пири фартут бароям нофорам буду дар ин миён бо ду марди ҷавони дигар низ хуфту хоб мекардам, онҳо низ хеле сарватманд буданд. Оҳиста-оҳиста ба бозичаи дасти мардони пулдор табдил ёфтам, вале ҳеҷ гоҳ инро ошкор намекардам.

Ҳарчанд баъзеҳо аз қафоям бадгӯӣ кунанд ҳам, ман худамро аз касе кам намегирифтам, ошиқи пирам аз олам даргузашту ман домони «фаъолият»-амро фарохтар кардам. Падару модарам аз ман ризо аз дунё гузаштанд, зеро аз чизе танқисӣ надоштанду дами пирӣ дар ҳавлии дуошёнаи канори шаҳр зиндагӣ мекарданду ду хизматгор дар ихтиёрашон буд.

Падарам ҳамеша насиҳатам мекарданд, ки барои худат як фарзанд таваллуд намо. Барои он ки фарзандам валадузино набошад, бо як ошиқам никоҳи мусулмонӣ кардаму то таваллуди фарзандам бо ягон мард «доду гирифт» накардам.

Лутфи Худои меҳрубонро бинед, ки ба мани осӣ як духтару як писари заркокул ҳадя намуд. Ва ман баъди таваллуди фарзандон ба фоҳишагию бадгардӣ хотима бахшидам, зеро ин лутфи Худованд маро тасхир кард. Ба бузургии Худованди ломакон бори дигар қоил шудаму ба ивази ин эҳдои Парвардигор аз роҳи бад гаштам. Охир, ман ҳама чизро доштам, ду хонаи панҷҳуҷрадор, ҳавлии дуошёна, мошин ва ғайра….

Баракати тавбаву надомат

Барои тифлаконам доя киро карда, ба кор баромадам, маоши хуб мегирифтам ва як тиҷорати хурдакак низ доштам. Падари фарзандонам ба хабаргирии онҳо меомад, вале ман ҳатто бо ӯ, ки никоҳи мусулмонӣ доштем, хуфту хоб намекардам.

Инак, фарзандонам ба бисту ҳафт қадам ниҳоданд, писарам Донишгоҳи тиббиро дар Маскав хатм намуда, ҳамон ҷо кору зиндагӣ дорад ва мехоҳад, ки маро низ ба ҳамон ҷо барад. Духтарам ҷавони ҳамсабақашро нағз дида гирифту ҳоло зиндагии хубу осоишта дорад, ба қарибӣ соҳибӣ набера низ шудам.

Домодам аз оилаи хубест ва тиҷорати маро пеш мебарад. Мехоҳам писарамро ба духтари тоҷики бомаърифате хонадор кунаму агар тавонам, ба ватан баргардонам, чун бародарам дар Маскав клиникаи шахсӣ дораду дар он ҷо ба писари ман хонаи сеҳуҷрагӣ ҳадя намудааст, ӯ мехоҳад ҳамонҷо монад. Хайр ихтиёраш, зеро ман фарзандонамро ба ягон кор маҷбур намекунам.

Ман се бор хонаи Худоро зиёрат кардам, шабҳои зиёде дар ин макони муқаддас ба гиристан рӯз кардам то гуноҳамро Худо бубахшад, аммо оқибати ин ҳамаро Худо медонаду халос. То ҳол ёди гузаштаҳо хотираҳои ғамангезро пеши назарам зинда мегардонад, ҳарчанд мардум намедонанд, аммо ман худам хуб медонам, ки дар гузашта кӣ будам!

Понздаҳ сол бо марди пире бе никоҳ зиндагӣ кардам, баъд бо мардҳои зиёде ба хотири пулу мол ҳамхобагӣ кардам, танҳо тавлиди фарзандонам дар 35-солагӣ маро аз ин роҳи бад гардонд.

Акнун, ки дафтари аъмоламро мекушояму хатоҳои кардаамро таҳлил мекунам, мебинам, ки маҷбур будам то ба ин кор даст занам. Ман худамро сафед карданӣ нестам, вале пеш аз он ки ба касе тири маломат мезананд, бояд андеша кунанд.

Н., хонандаи "Оила"

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Марям 2023-09-25, 21:32
Киссаи вокеи. Худо гунохотона бубахшад.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Марям 2023-09-25, 21:32
Киссаи вокеи. Худо гунохотона бубахшад.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД