sebiston july new
Духтари раис ҳаёти писарамро сӯхт
26.03.2023
ОИЛА
1920


Салом азизонам. Ман модар ҳастам, вале дар зиндагӣ ба як иштибоҳ роҳ додам. Писари калониям духтари ҳамсояамонро дӯст дошт. Гуфт, ки “очаҷон, агар хушбахтии маро мехоста бошед, ҳамин духтарро гирифта диҳед”.

Ман он замон дар ноҳияамон мудири маориф шуда кор мекардаму шавҳарам мудири як мағозаи калон буд, ҳамсояи деҳқонамро писанд накарда, гуфтам, ки “не писарам, аз ягон оилаи сарватманд ба ту зан меёбам”. Писарам, ки ҳаргиз гапи маро намегардонд, хомӯш монду чашмонаш пури ашк шуданд.

Ҳамин тавр ман бо хости худ барои писарам келин ёфта, духтари раиси ноҳияро келин кардам.
Шаби тӯяш писарам аз ғаму андӯҳи зиёд гиря кард, дидам, ки духтари ҳамсоя низ бо чашми гирён ба домоду арӯс нигоҳ дорад, вале он вақт дили сангини ман об нашуд. Хулоса, ду дили ошиқро ҷудо кардаму ба ғазаби худо гирифтор шудам.

Духтари раиси ноҳия аз соати аввали келин шуданаш шасташро шинонида, дам ба дам мегуфт, ки “ба падарам мегӯям, шуморо аз мудирӣ мегирад”. Мани гумроҳи масти мансаб ба келинам хушомад мезадам, то курсиамро аз даст надиҳам.

Писарам ҳамеша ғамгин буд, ҳатто бо ман гап намезад. Вақте ки духтари ҳамсояро ба шавҳар доданд, писарам чанд рӯзу чанд шаб бемор шуд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, ҳамсараш ӯро писанд намекард. Писарам рӯз ба рӯз обу адо мешуд. Ишқи духтари ҳамсоя ва зиндагии нобасомон ба писарам таъсир карду ӯ мубталои бемории қанд ва фишори хун гашт. Оқибат келини тирончак баромада рафт. Мансаб мисли ҳинои даст будааст, мансаб ҳам аз дастам рафт.

Ба ду писари дигарам гуфтам, ки мо як бор сахт хато кардем, акнун мувофиқи дилатон келин интихоб мекунам. Онҳо ҳоло соҳиби оилаи обод ва хушбахтанд. Вале ҳаёти писари калониам ботамом сӯхт. Дар ҳаққи дӯстдоштааш то имрӯз месӯзад. Илтимос, хатои маро такрор накунед, модарону падарони азиз!
Анорабону.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД