Arzon march 2024
Дулан кӯдаки яксоларо пахш кард!
2191

Абдураҳмони хурдакак нав роҳгардон шуда буд ва бо лафзи кӯдаконааш чунон ширин-ширин гап мезад, ки дили падару модар обу адо мешуд. Ҳама аҳли оила дар атрофаш парвона буданд, зеро ин тифли ширинрӯй гули сари сабади хонадон гашта буд, аммо сайёди аҷал мисли калхоти ҷӯҷагир Абдураҳмонҷони ба сини ҷӯҷаяк ба тозагӣ болу пар кушодаро шикор карда, нагузошт, ки писарчаи булбуловоз аз шириниҳои даврони кӯдакӣ сер шаваду волидонаш аз дидори рӯйи фарзанди ҷигарбандашон. Абдураҳмони хурдкакак зери чархи мошини азимҷусса монда, бо ҷисми дар хуну халаф ғарқ ҷони ширинашро ба сахтӣ ба ҷонофарин супурд...
Ба иттилоъи ВКД ин ҳодисаи нохуш бегоҳирӯзии 3-юми декабр, соатҳои 17.10 сар зада, ронандаи мошини тамғаи «Дулан Шакман» Давлатов Илҳом Маҳмуродович, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат дар ноҳияи мазкур аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада кӯдаки хурдсол Сулаймонов Абдураҳмон Комилҷонович, соли таваллудаш 2020, сокини ҳамин ноҳияро пахш менамояд.
Писарчаи номурод бар асари ин садамаи тақдирсӯз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Тафтишот аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД