35 years of independency
«Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» - барандаи Шоҳҷоизаи «Тоҷи Сомон»
20.10.2026
Оила
65

«Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» - барандаи Шоҳҷоизаи «Тоҷи Сомон»

Дар сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» беҳтарин филмҳо ва ҳунармандони синамои ватаниву хориҷӣ қадрдонӣ шуданд. Шоҳҷоизаи озмун насиби филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» гардид.

Маросими ҷамъбасти сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» шоми 19 -уми октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гашта, беҳтарин филмҳо ва ҳунармандону коргардонҳо сазовори ҷоиза гаштанд.

Пеш аз оғози маросими расмии эълони ғолибон ба Марям Исоева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барои саҳми муносиб дар рушди филмофарии кишвар ҷоизаи махсуси раиси шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.

 

   Бо ҷоизадорони “Тоҷи Сомон” шинос шавед

Шоҳҷоизаи “Тоҷи Сомон” насиби филми муштараки синамогарони тоҷику ӯзбек «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» гашт.

Дар бахши «Беҳтарин филми дебютӣ» Ҷамшод Шоев бо филми «Ансор ва Мубин» ғолиб дониста шуд.

Тоҳир Назаров ва Лутфулло Неъматов барои беҳтарин ороиши бадеӣ ва Шӯҳратҷон Камолов барои беҳтарин тарроҳии либос дар филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» соҳиби ҷоиза гардиданд.

Дар бахши беҳтарин наворбардор Наврӯз Саидов барои филми «Моҳӣ барои Черчил» қадрдонӣ шуд. Ҳамчунин, Орзу Шарифов ва Нигина Раҷабова барои танзими ҳамин филм сазовори ҷоиза гаштанд.

Рустам Шоазимов барои филми кӯтоҳмуддати «Нафас» ва Рустам Саторзода барои филми ҳуҷҷатии «Хутали қадим» ҷоиза ба даст оварданд.

Дар бахши беҳтарин филми тасвирӣ Таҳмина Мӯъминова бо филми «Пайғом» соҳиби ҷоиза гардид.

                             Беҳтарин ҳунармандон ва коргардон

Дар бахши беҳтарин нақши занона Амина Ҳафизова барои иҷрои нақш дар филми «Фосилаҳо» ғолиб дониста шуд.

Пӯлод Нозимов барои нақши дар филми «Моҳи барои Черчил» офаридааш ҷоизаи беҳтарин нақши мардонаро ба даст овард.

Абдулҳай Зокиров барои филми «Решаҳо» сазовори ҷоизаи беҳтарин коргардон гардид.

Дар бахши беҳтарин филми муштарак Манзаралӣ Шералӣ бо филми «Хуршеду моҳ» бо ҷоизаи “Тоҷи Сомон” қадрдонӣ шуд.

Муҳаммадрабӣ Исмоил барои филми «Ошёни меҳр» ҷоизаи махсуси ҳакамонро соҳиб гардид.

Дар бахши беҳтарин филми бо истифода аз ҳуши маснӯӣ офаридашуда Комилҷон Сафаров бо филми «Дузди офтоб» ғолиб дониста шуд.

Зафар Алӣ барои филми «Сабр» ҷоизаи беҳтарин филми бадеиро ба даст овард.

               Ҷоизаҳои махсус ва қадрдонии саҳми ҳунармандон

Дар доираи синамоҷоизаи имсола ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Носир Раҳмон барои филми ҳуҷҷатии «Тараннуми истиқлол» ҷоизаи махсус дода шуд. Ҳамчунин, Владимир Малишев, ректори Донишкадаи давлатии умумиҷаҳонии кинематографияи ба номи С. А. Герасимов (ВГИК)-и шаҳри Маскав, барои саҳми арзанда дар рушди синамои тоҷик қадрдонӣ гардид.

Синамоҷоизаи «Тоҷи Сомон» бо мақсади муаррифии дастовардҳои филмофарони ватанӣ, дастгирии эҷодкорон ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи синамо баргузор мегардад. Имсол чорабинӣ аз 15 октябр оғоз ёфта, дар доираи он даҳҳо филми ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла асарҳои синамогарони Эрон, Ӯзбекистон ва Русия ба намоиш гузошта шуданд.

        Камолиддин Ҳаннонӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД