Arzon march 2024
Душанбе: Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
1334

14 сентябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Иқтисоди рақамӣ, савдои рақамӣ ва инноватсия” Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ доир мегардад. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар дод.

Гуфта шуд, ки ҳамоиш  дар чаҳорчӯби Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки 14-15 сентябр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, баргузор мегардад.

Дар Форуми мазкур иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Вазири иқтисоди миллии Қазоқистон, Вазири молия ва иқтисоди Туркманистон ва Вазири инноватсия, саноат ва савдои Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки дар нишасти мазкур  баъди сессияи пленарӣ 3 сессия дар мавзуъҳои “Мубодилаи таҷриба ва дурнамои ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ ва ҷорӣ намудани низоми ҳукумати электронӣ дар ҷумҳурӣ", “Таҷриба ва дурнамои ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи инноватсия” ва “Мубодилаи таҷриба ва муайян намудани дурнамои ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ ва рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ” гузаронида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД