Arzon march 2024
Душанбе: Лату кӯби духтарон аз ҷониби як гурӯҳ бачаҳо
14041


Ба сомонаи Оила.тҷ аз ҷониби як сокини шаҳри Душанбе маводи видеоӣ ирсол шуд, ки дар он муноқишаи се зану ду мард дида мешавад.

Тавре, ки шоҳиди ин ҳодиса ба мо гуфт, муноқиша дар яке аз хиёбонҳои мошингузари назди Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, тахминан соати 1:00 - и шабона сурат гирифт. Ӯ мегӯяд, ки аз кӯча садои издиҳоми чанд духтару писар баланд шуд. Мошини тамғаи номаълуми рангаш сиёҳ миёни роҳ яку якбора таваққуф карду аз он чанд духтарро бо роҳи маҷбурӣ аз дохили мошин ба берун ҳаво доданд. Онҳо бо ин амалашон қаноатманд нашуда, духтаронро бераҳмона луту кӯб карданд.

 


"Аз ҷониби ду ҷавонмарди тақрибан синну солашон 26 – 32 сола се духтари тақрибан 40 – 22 ва 18 - соларо зери лату кӯби шадид қарор доданд", - изҳор дошт шоҳиди ҳодиса.

P. S: Тафсилоти бештари ҳодисаро аз сабти видеоии мо дар саҳифаи фейсбукии "Оила" тамошо намоед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД