Шаҳри Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавононро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 100% иҷро кард. Дар ин бора аз шаҳрдорӣ хабар додаанд.
Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи кишвар аллакай чандин шаҳру ноҳияҳои мамлакат нақшаи даъвати тирамоҳиро ба пуррагӣ иҷро кардаанд. Аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон аз анҷоми пурраи нақшаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ хабар доданд.
Сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар бомаром идома дорад. Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик нақшаи тирамоҳии даъвати ҳарбӣ дар саросари ҷумҳурӣ ба иҷро мерасад.