arzon replenishment
Душманонаш ба Дӯстмуроди Алӣ шишаю заҳр доданд ё...?
616

 

Имрӯз рӯзи милоди яке аз беҳтарин ҳунармандони халқии Тоҷикистон, зиндаёд Дӯстмуроди Алӣ аст. Умр агар ба ин марди ҳунар вафо мекард ва агар тири аҷал дар авҷи ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ бераҳмона ҷигарашро намешикофт, имрӯз Дӯстмуроди Алӣ 75-сола мешуд, вале афӯс, ки инсон пеши аҷал бечора аст...

Дӯстмуроди Алӣ 19-уми апрели соли 1950 дар деҳаи Кабкрези ноҳияи ҳунархези Файзобод чашм ба олами ҳастӣ кушода, меҳри санъат ва суруд бо навои чашмасорон дар қалбаш маъво гирифт. Ҳамин буд, ки пас аз хатми мактаби миёна ӯ ба факултети маданию маърифатии Институти давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, пас аз хатми ин даргоҳи маърифат то лаҳзаҳои вопасини умраш ба ҳайси роҳбари бадеии дастаи ҳунарии Хонаи маданияти ноҳияи Файзобод кор кард ва бо таронаҳои дилнавозаш дар тарғиби санъати миллии тоҷик саҳми арзанда гузошт.

«Баҳор омад», «Моҳи Файзобод», «Ноз», «Мастона ба ноз омадаӣ», «Садқаи чашмони ту», «Савсани Ҳусн» ва даҳҳо таронаҳои дигари Дӯстмуроди Алӣ ҳазорон мухлису ҳаводор доштанд, махсусан суруди “Туро ман дӯст медорам»-и ин марди ҳунар ҳамеша вирди забони хурду калон буд.

Дӯстмуроди Алӣ тӯли умри кӯтоҳ, вале бисёр пурбаракаташ зиёда аз 60 таронаи ҷаззоб эҷод намуда, дар тамоми тӯю маъракаҳо ва маҳфилҳои фарҳангӣ гули сари сабади аҳли ҳунар ва мардуми санъатдӯст буд, вале...

Афӯс, ки аждари марг беҳтарин инсонро дар авҷи ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ ба коми хеш мекашад. Дӯстмуроди Алӣ низ мисли уқоби баландпарвози кӯҳӣ дар рӯзи ҷашни зодрӯзаш, 19-уми апрели соли 1989 дар авҷи камолоти эҷодӣ аз тири сӯзони аҷал аз осмони беғубори ҳунар сарозер шуда, ҷон ба ҷонофарин супурд.

Овозаю ҳангома ва сарусадоҳо дар бораи сабаби марги ин марди ҳунар хеле зиёд буданд. Бархе мегуфтанд рақибонаш ба Дӯстмуроди Алӣ заҳр дода, ӯро куштаанд, гурӯҳи дигар иддао мекарданд, ки ба ин ҳофизи машҳур шишапора додаанд, вале тибқи маълумоти расмӣ, Дӯстмурод Алиев бар асари беморӣ аз олам гузаштааст.

Инак, 35 сол мешавад, ки Дӯстмуроди Алӣ манзили хомӯшонро макон кардааст, вале ёди ӯ дар дили аҳли оила, пайвандон, дӯстон ва мухлисони бешумораш ҳамеша зинда аст. Ҷоят ҷаннати ҷовидон бод, марди ҳунар!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД