formula55
Дўзах дар хоб чӣ таъбир дорад?
1693

 

Салом! Шаби гузашта хоби даҳшатноке дидам. Дар хобам як гурӯҳ одамонро дар дӯзах қину азоб медоданд.

Ин хоб маро чунон ба даҳшат андохт, ки фиғони ҷонхароши он одамон то ҳол дар гӯшҳоям садо медиҳад. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед!

М. Г, хонандаи Оила. ТЧ

    Посух                                                              Аслан хоби бадро набояд ба касе гуфт. Барои он ки хоби дидаатон ба шумо зарар нарасонад, ба ягон одами бенаво ё ятиму бечора ба қадри имкони худ хайр кунед ва бахшиши гуноҳҳоятонро аз офаридгор талаб карда, Худоро зорӣ намоед, ки шуморо аз шарри ин хоби бад эмин дорад.

Пас аз ин се маротиба гўед: Худовандо, маро аз шарри шайтони лаъин ҳимоят бинамо!

Дар мавриди таъбири хобатон бошад, ҳаминро мегӯем, ки дӯзах дар хоб дар хобномаҳо ба таври мухталиф таъбир шудааст.

Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки вақте одам дӯзахро хоб мебинад, ин нишонаи он аст, ки шахси хобдида дар назди Худованд ягон гуноҳи бузург содир намудааст ва бояд тавба карда, минбаъд аз корҳои ҳарому носавоб даст кашад.

Касе, ки дар хоб худро дар дўзах баста бинад ва ўро қину азоб мекарда бошанд, бидонад, ки дар зиндагӣ мушкилоти бузурге ба сараш меояд, вале хоб бинад, ки аз дўзах баргашта истодааст, аз хатою зино раҳоӣ меёбад ва минбаъд ба пайроҳаи худопарастӣ қадам мегузорад.

Хоб бинед, ки қиёмат қоим шудаасту гуноҳу савобишуморо пурсуҷў доранд, то ба биҳишт ё дӯзах фиристанд, аммо шуморо намезананд ва озор намедиҳанд, донед, ки худованд аз шумо розист ва бо инояти офаридгор ба наздикӣ орзуҳоятон ҷомаи амал пӯшида, соҳиби зиндагии пурнишот ва серу пур мегардед.

Аммо ҳангоми саволу ҷавоб бо Мункар ва Накир чеҳраи шахси хобдида ғамзада бошад, корҳояш чандон барор намегиранд.

Бояд гуфт, ки на ҳамеша хоб дидани дӯзах ё биҳишт нишонаи он аст, ки худованд бо воситаи ин хоб ба бандааш ягон хабари хуб ё бад мерасонад. Хобҳо ду намуд мешаванд, хобҳои раббонӣ ва шайтонӣ. Хоби раббонӣ гуфта, хоберо дар назар доранд, ки ба василаи он Худованд бандаашро аз ҳаводисе, ки ба наздикӣ дар ҳаёташ ба вуқуъ меояд, огоҳӣ медиҳад. Хобҳои шайтонӣ бошанд, бар асари шайтанати қувваҳои бад зуҳур мекунанд.

Шайтон гӯё дӯзахро дар хобаш ба одам нишон дода, ӯро аз марҳамати худованд навмед гардонидан мехоҳад. Бо чунин хоб шайтон мехоҳад талқин намояд, ки ин бандаи пургуноҳ рост ба ҷаҳаннам меравад ва намозу рӯзааш фоидае надорад, аммо худованд бахшояндаву меҳрубон буда, тамоми гуноҳҳои инсонро мебахшад, агар сидқан тавба кунад.

Барои он ки хобҳои шайтонӣ нею хобҳои раҳмонӣ бинад, инсон бояд бо вуҷуди пок, яъне таҳорат кардаю номи Худованд бар забон сар ба болин ниҳад. Фаромӯш накунед, ки пурхўрӣ ҳам боиси дидани хобҳои шайтонӣ гашта метавонад, бинобар ин, пеш аз хоб хўроки бисёр нахўред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД