arzon replenishment
ДУЗДӢ ВА ХИЁНАТИ ПРЕЗИДЕНТИ АФҒОНИСТОН:АШРАФ ҒАНИРО ТӮҲМАТ МЕКУНАНД ?
4917


Собиқ роҳбари Афғонистон-Ашраф Ғанӣ, ки баъди истеъфо ва фирор аз кишвараш бе ному нишон гашта буд, аз худ дарак дод.

Қаблан дар байни мардум сару садоҳое паҳн гашта буданд, ки президени Афғонистон аввал ба Тоҷикистон омада, баъдан ба Уммон парвоз намудааст, аммо мақомоти кишвар ин овозаҳоро рад карданд. Хабари ба Ӯзбекистон парвоз кардани роҳбари гурезаи кишвари ҷангзада низ тасдиқи худро наёфт.

Ҳамагон хайрон буданд, ки собиқ президен дар куҷост ва чи ҳолу аҳвол дорад, аммо Ашраф Ғаниро гӯё замин ба комаш фурӯ бурда, тамоман бедарак буд.

Ҳамин хомӯшӣ боис гашт, ки дар бораи собиқ президент сару садоҳои нохуши зиёде паҳн гашта, Ашраф Ғаниро дар ғорати дороии мардуми афғон муттаҳам намоянд. Ба гуфти баъзе сиёсатмадорон бар замми хиёнат ба Ватан, ҳангоми фирор аз Афғонистон Ашраф Ғанӣ 169 миллион доллари мардуми афғонро бо худ бурдааст, аммо...

Маълум шуд, ки сарвари гурезаи кишвари ба коми оташи ҷанг афтода дар Арабистон будааст. Ашраф Ғанӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Араб дар тамос шуда, овозаҳоро дар бораи бо пули зиёд гурехтааш рад намуд. Собиқ президент мегӯяд, ҳатто фурсат наёфт, ки бузургтарин дороии зиндагиаш-китобҳояшро бо худ бигирад.

“Ман бо як либоси танам тарки Ватан кардам ва ҳатто натавонистам ганҷи бебаҳо-китобҳоямро бо худ бигирам”,-мегӯяд собиқ президент.
Ба гуфти Ашраф Ғанӣ дар фоҷиае, ки ба сари мардуми афғон омад, бегонаҳо даст доранд ва дар лаҳзаҳое, ки Кобулро тарк мекард, одамони яроқдоре, ки бо забони барои мардуми афғон тамоман ноошно ва бегона ҳарф мезаданд, дар қароргоҳи президент ӯро ҷустуҷӯ мекарданд.
Ашраф Ғанӣ қайд кардааст, ки Ватан барои вай дар мадди аввал меистад ва ҳатман ба Афғонистон бармегардад.

Ёдрас мешавем, ки Аҳмад Масъуд, писари шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд, ки қаҳрамониҳои зиёде нишон додааст дар Панҷшер-ягона вилояти Афғонистон, ки то ба имрӯз аз тасарруфи “Толибон” (гурӯҳи экстремистии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) берун мондааст, дар як навор изҳор намуд, ки Афғонистон хокест, ки ӯ наметавонад дар ягон ҳлат тарк кунад.

Ин гуфтаҳои ҷавони шуҷоъ ба роҳбари фирории Афғонистон такони ҷиддӣ шуд, ки чунин тасмим бигирад, аммо...

Дар сурати бозгашт ба Афғонистон хатари ҳамқисмати роҳбари ба сахтиву хорӣ кушташудаи Ироқ-Саддом Ҳусейн гаштан ба Ашраф Ғанӣ таҳдид карда метавонад, зеро дар лаҳзаҳои душвор кишварашро тарк кардани собиқ президинро бисёриҳо амали ноҷавонмардона ва хиёнат ба халқу Ватан меҳисобанд.

Феълан Толибон марзҳову марказҳои Афғонистонро ғасб карда, режими идораи худро ҷорӣ намудаанд. Танҳо дар Панҷшер гурӯҳҳои алайҳи Толибон ҷамъ омадаанд ва иддао доранд, ки то нафаси охирин муқовимат хоҳанд кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД