35 years of independency
Дуздии беш аз 160 ҳазор сомонӣ аз манзили сокини Душанбе
10.11.2026
Оила
89

Дуздии беш аз 160 ҳазор сомонӣ аз манзили сокини Душанбе

Пулиси шаҳри Душанбе шаш ноболиғро бо гумони содир намудани як қатор ҳолатҳои дуздӣ дастгир кардааст. Гуфта мешавад, онҳо пинҳонӣ ба манзили сокинони пойтахт ворид шуда, маблағҳои пулӣ, ҷавоҳирот, телефонҳои мобилӣ ва ҳуҷҷатҳои шахсиро рабудаанд.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, боздоштшудагон Сиддиқов А., Ғоибов М., Мусулмонов М., Яқубов О., Салоев М. ва Нарзуллоев М. мебошанд. Ҳамаи онҳо сокинони шаҳри Душанбе ҳастанд.
Аз ҷумла, гумонбарон ба манзили истиқоматии шаҳрванд Дилшодов М., воқеъ дар кӯчаи Зафар, ворид шуда, аз дохили ҷевони либос маблағҳои пулӣ, ҷавоҳирот, телефони мобилӣ ва дигар ашёи арзишмандро ба маблағи умумии беш аз 163 ҳазор сомонӣ тасарруф кардаанд.

Мақомоти милитсия хабар додааст, ки то ин вақт даст доштани онҳо дар се ҳолати дуздӣ муайян гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД