sebiston july new
ДВОЙНИКИ МАНИЖА БА ҲОЛАМ ХАНДИД
2282

Рӯзе дар роҳрави назди истгоҳ мошини шишасиёҳе истоду ду духтараки айнаксиёҳ аз дохилаш фаромада зуд таксиеро манъ намуда чизе гуфтанду нишаста рафтанд. Яке аз духтарон ба Манижаи Давлат монанд буд. «Манижа, Манижа» -гӯён аз пасашон таксиеро қарор карда, шитофтам, чунки Манижаро дӯст медоштаму аз наздик диданаш орзуи бузургтаринам буд.

«Бо беқарорӣ ронандаро зуд ронед ака», -гӯён саросема мекардам. Мошинҳои мо пасопеш мерафтанд. Дар сар нақша доштам, ки рафта Манижаро ба оғӯш мегираму муҳаббатамро мегӯям. Таксии онҳо назди дорухонаи «Гарант» истоду Манижаи фариштахӯ онҷо даромад. Осемасар ба ронандаи таксӣ пулашро додаму аз паси онҳо ба дорухона даромадам. Дорухона пур аз одам буд. Бо нигоҳи ташна Манижаро меҷӯстам. Ёфтамаш ва хандон сӯяш шитофтам.
«Манижаҷон, мухлиси шумоям», -гӯён оғӯш кушодам.

Айнакашро гирифту ҳайрон «Что сказал? Манижа это кто? Я, Ситора»,- гуфт духтарак, ки мисли себи дукафон ба Манижа монанд буд. тағйир ёфту чизу нагуфта ба оқиб баргаштам. Духтарак бо дугонааш қоҳ -қоҳзанон хандиданд. «Наход одам ба одам инқадар монанд бошад»,-гӯён ман бо чашми гирёну дили ноумед ба мошин нишаста ба хона баргашам. Эй Худо, кай маро ба Манижа рӯ ба рӯ мекунӣ?!

Кай орзуи бо ӯ ҳамсӯҳбат шуданам амалӣ мегашта бошад? Ба Манижаҷон гуфтаниям: «Чаро мухлисонатро фаромӯш кардӣ? Фикр накардӣ, ки бо хомӯшӣ ихтиёр карданат ҳазорон муштоқонатро дилхуну бепару бол мегардонӣ. Манижа, ҳеҷ гоҳ аз мӯд намеравӣ, илтимос барою ба дилҳои зулмоти мо равшаниву ҷило бахш»!
Бо арзу сипос Малоҳат, 102 мкр

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД