goodwell
Ё тавба (ҚИСМИ 4)
121

Ҳамин тавр солҳо гузашт. Латофат ҳам ба нею нестони шавҳараш нигоҳ накарда якбора ба ду писараш келин гирифт.

- Чашму дили одамон аз ҳасад сӯзад мегӯям, - гуфта баҳона пеш меовард ба ҳар гуфтаи шавҳараш Латофат.

Хуллас Латофат ба ду писараш тӯйи дабдабаноке орост. Айнан гуфтагиашбарин чашму дили одамон аз ҳасад сӯхт.

Аз байн се моҳ гузашт ҳанӯз дар ҳар ду келин ҳам аз «навгонӣ» асаре набуд. Моҳҳои сипаришуда ба сол табдил ёфтанд ва ба солҳо сол зам мешуд. Ҳамин тавр аз байн чор сол гузашт вале «ҳар ду писарам ҳам чилааш набаромада фарзандор мешавад» - гуфтаи Латофатбарин нашуд.

Чор сол ҳам шаввӣ карду гузашту рафт ва аз қафояш чор соли дигар гузашт. Ҳар ду писараш ҳам ҳашт сол интизор шуданд, ки кӯдакдор шаванд. Мисли Гулбибӣ дари нарафтаву   одами надидаи Латофат ҳам намонд. Доруву дармон ҳам суде накард. Духтурон «онҳо солиманд фақат вақт лозим» мегуфтанд ба суолҳои пайвастаи Латофат.

Ҳар нафаре, ки Латофатро медид «ҳа Латофатҷон ягон навгонӣ нашуд» гуфта суол медоду ба захмаш намак мепошид. Таҳаммули ин суол чӣ қадар душвор буданашро баъди ба сараш фаромадан фаҳмид Латофат.

                                                             ***

Латофат ташхисҳоро аз беморхона гирифта, хун мегирист, ки чаро як не, ду писараш ҳам ҳашт сол мешавад, ки соҳиби кӯдак намешаванд.

- Эҳ савдои умр чӣ қадар душвор будааст. Акнун дарк кардам, ки «навгонӣ» яъне ҳомила шудан ё нашудани одамони бефарзандро пурсидан чӣ қадар ба одам сахт мерасидааст. Таҳаммули ин суол ниҳоят вазнин будааст. Инсон ин чизҳоро танҳо дар вақти ба сараш омадан дарк мекардааст. Эҳ мани аҳмақ ҳамаро мепурсидам, ки ҳомиладор шуд ё не? Шояд оҳи ягонтои онҳо гирифт, ки ду писарам ба нохуни кӯдак мӯҳтоҷанд. Тавба кардам, тавба дигар дар ин бобат аз касе суол намекунам, - ҳамин замон аз рӯ ба рӯяш Гулбибӣ баромад.

- Э салом Гулбибиҷон хуб ҳастед? Шуморо диданам хуб шуд.

- Салом ҳамсоя раҳмат. Тинҷӣ аст? - ҳайрон шуд Гулбибӣ.

- Ҳа тинҷӣ. Гулбибиҷон дар ёд доред Шуморо чанд сол пеш суханҳои пасту баланд гуфта озор дода будам. Ҳатто... ҳатто фарзандатонро бепушту келинатонро нозой гуфтам. Ҳамсоя маро бубахшед ман он вақт ба моҳияти суханонам сарфаҳм нарафта будаам. Хатоямро фаҳмидам, ҳозир ҳамин савдо ба сари ман омад. Тавба кардам. Аз болои одамони бефарзанд механдидам, писханд мезадам. Эҳ тавба кардам ҳамсоя тавба...

- Ҳамин замон аз сумкаи Латофат садои телефон баромад осемасар гирифту ҷавоб дод.

- Модарҷон ба Шумо хушзабар дорем! - садо омад аз он тарафи телефон.

- Чӣ хушхабар писарам? - ҳайрон шуд Латофат.

- Маълум шуд, ки ҳар ду келинатон ҳам ҳомиладор шудаанд. Билохира баъди ҳашт сол мо падар мешавему Шумо бибӣ, - Латофат аз хурсандӣ телефонро хомӯш накарда ба сумкааш гузошту Гулбибиро маҳкам оғӯш карда ин хушхабарро расонду гуфт.

- Гулбибиҷон Шумо рост гуфта будед, «То реша дар об аст умеди самаре ҳаст».

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД