Commerc banl
ЭКО ҳалол аст ё ҳаром?
06.03.2026
Oila.tj
100
ЭКО ҳалол аст ё ҳаром?

Меваи умри инсон фарзанд аст, вале чӣ бояд кард, агар худованд бо роҳи табиӣ ба зану шавҳаре солҳои дароз фарзанд ато накунад?

Оё ба хотири вайрон нашудани оила ва расидан ба беҳтарин саодати дунё - соҳиби фарзанд гаштан аз усули муосири бордорсозии тиббӣ - ЭКО истифода бурдани зану шавҳари мусалмон мумкин аст?

Фарзанде, ки бо шарофати ЭКО ба дунё меояд, аз нигоҳи ислом ҳалолӣ ҳисоб мешавад?

Аз назари дини мубини ислом ЭКО ҳалол аст ё ҳаром?

Аз 7 усули бордорсозии сунъӣ - ЭКО танҳо 2 усулаш аз нигоҳи ислом раво ва ҳалол ҳисобида мешавад. Ин усулҳо кадомҳоянд?

Ба ин ва дигар саволҳои муҳим, ки садҳо оилаҳои ташнаи фарзандро ба ташвиш овардаанд, Раиси Шурои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар барномаи “ЭКО ҳалол аст ё ҳаром?” посух мегӯяд.

Муфтӣ ва мутахассиси клиникаи Farna Euroclinic баррасӣ мекунанд, ки ислом дар бораи амалиёти ЭКО чӣ мегӯяд ва чаро ин масъала оилаҳоро дар саросари ҷаҳон ба ташвиш меорад?

Ин барномаро ҳатман тамошо кунед ва ба саволҳои муҳиме, ки тақдири шумо ва оилаатонро ҳал карда метавонанд, ҷавоби дақиқ бигиред!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД