Formula novemver 2024
Экзема аз чӣ пайдо мешавад?
745

 

Экзема як бемории илтиҳобии музмин ё шадиди ғайрисироятии пӯст мебошад, ки хориши пай дар пай, сурхшавӣ ва доғҳои хурдро дар пӯсти инсон ба вуҷуд меорад.

Ин беморӣ хосияти генетикӣ дошта, аз насл ба насл мегузарад. Яке аз волидон экзема дошта бошад, эҳтимолияти гирифтор шудани кӯдак ба ин беморӣ 25-40 фисад буда, дар ҳолати гирифтор будани ҳам падар ва ҳам модар ба ин маризӣ хатари ба насли онҳо гузаштани бемории мазкур то 50-60 фоиз меафзояд. Маҳз ҳамин чиз боиси рушди экзема мегардад.

Экзема дар даст

Маълумотҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки тақрибан 10 фисади аҳолии ҷаҳон аз ин ё он намуди экзема азият мекашанд. Бемории мазкур ба одамони синну соли гуногун таъсир расонида, бештари вақт то ба маъюбии муваққатӣ оварда мерасонад.

Тавре духтурони пӯст мегӯянд, ин беморӣ факторҳои корӣ дошта, дар шароити намӣ ва ифлосӣ авҷ мегирад.

Чаро занҳо бештар аз

экзема азият мекашанд?

Занҳо нисбат ба мардон бештар ба экзема гирифтор мешаванд. Сабабаш дақиқ шарҳ дода нашудааст, аммо шояд шароитҳои корӣ, таъсири аллергенҳои хонагӣ ва тағироти гормоналӣ дар бадани занон боиси бештар ба экзема гирифтор шудани бонувон гардад.

Одамони муосир дар иҳотаи аллергенҳои зиёд қарор доранд, маводи синтетикиро истифода мебаранд, иловаҳои зиёди хӯрокворӣ хӯрда, дар ҳолати стресс бо норасоии доимии хоб ва хастагии музмин зиндагӣ мекунанд, албатта ҳамаи ин боиси авҷ гирифтани беморӣ мешавад.

Омилҳои дохилии пайдоиши экзема

Омилҳое, ки сабаби дар давоми ҳаёт пайдо шудани экзема мегардад, ин вайроншавии кори системаи масъунияти бадан, аксуламалҳои аллергӣ ба чанги хона, доруворӣ, гардолудшавӣ, маводҳои кимиёвии шӯянда, бемориҳои эндокринӣ, стресс ва дигар касалиҳои асаб, илтиҳоби гурдаҳо, бемориҳои рӯда, ҷигар, гадуди зери меъда, авитаминоз, вайроншавии гормоналӣ ва ғайра мебошад.

Ба омилҳои берунӣ гармии зиёд, халалдор шудани қабати болои пӯст, агентҳои кимиёвӣ, аз ҷумла косметика, хӯрок ва машрубот дохил мешаванд.

Аломатҳои экзема

Аломатҳои асосии экзема, ин хориши шадид ё миёна, сӯзиш дар ҷои хориш, сурхшавӣ ва варами пӯст, пайдоиши доғҳо дар шакли обила маҳсуб ёфта, дар калонсолонэкзема аксар вақт дар зери зонуҳо, дар минтақаи оринҷ, дар каф ва гардан пайдо мешавад.


Зуҳуроти экзема

Гарчанде ки экзема метавонад дар ҳама қисмҳои пӯст пайдо шавад, ҷойҳои дӯстдоштаи ин беморӣ, пӯсти дастҳо ва рӯй мебошад. Барои кӯдакон, минтақаҳои маъмултарини пайдошавии экзема доғҳо дар рӯй, қафаси сина ва манаҳ мебошад.

Намудҳои экзема

Аломатҳои экзема дар ҳар шахс гуногун буда, ба таври мухталиф инкишоф меёбанд. Аз ҳамин хотир намуди экземаро танҳо духтурони пӯст дақиқ гуфта метавонанд.

Экземаи ҳақиқӣ дар куҷо пайдо мешавад?

Экземаи ҳақиқӣ бештар дар рӯй ва дасту пой пайдо мешавад. Дар марҳилаи шадиди беморӣ кас аз хоришу сурхшавии пӯст ва вайрон шудани ҳуҷайраҳои пӯст азият мекашад.

Ташхиси экзема

Вақте шахс аломатҳои дар боло зикршударо дар худ ё пайвандонаш мушоҳида мекунад, барои дақиқ кардани ташхиси экзема бояд чунин зинаҳоро гузарад:

санҷишҳои хун, омӯзиши намунаи ҷигар, (триглицеридҳо, глюкоза, профили билирубин), таҳлили пешоб, санҷишҳои пӯст барои аллергенҳо, муайян кардани антитело ба антигенҳои паразитӣ.

 

Муолиҷаи экзема

Барои бартараф кардани аломатҳои бемории экзема тибқи таъиноти духтури табобатӣ амал намудан муҳим аст, зеро ӯ аз раванди муоина хуб огоҳ буда, дар бораи намуди экзема маълумоти бештар дорад.

Пешгирии экзема

Дар ҳолате, ки дар пӯсти худ нороҳатиро эҳсос мекунед, саривақт ба духтур муроҷиат намоед. Дар хотир доред, ки дар баъзе ҳолатҳо, экзема пас аз чанд вақт аз таъсири омили ангезанда пайдо шуда, табобаи он метавонад мушкил гардад.

Барои кам кардани хатари экзема

риояи тавсияҳои зерин муҳим аст:

1. Агар шумо илтиҳоби эпидермисро дар худ эҳсос мекунед, пӯстро хушк накунед, яъне аз малҳамҳои зарурӣ, ки духтур тавсия медиҳад, истифода баред.

2. Риояи реҷаи нӯшокӣ низ муфид буда, хушкшавии пӯстро пешгирӣ мекунад.

3. Ҳаммоми аз ҳад гармро тавсия намедиҳем.

4. Хӯрдани хӯрокҳои дуддодашуда ва тунд, меваҳои ситрусӣ, машрубот ва қаҳваро духтурони пӯст манъ мекунанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД