Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи телефон ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби наврасон изҳори нигаронӣ карданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи аз ҳад зиёд ва беназорати телефонҳои ҳушманду шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ изҳори нигаронӣ карданд.
Ба гуфтаи Сарвари давлат, зарар ё фоидаи технологияҳои нав аз тарзи истифодаи онҳо вобаста аст. Президенти кишвар таъкид намуданд, ки солҳои охир истифодаи беназорати телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ миёни хонандагон ба масъалаи нигаронкунанда табдил ёфтааст.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, истифодаи бемеъёру беназорати телефон ва шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад ба солимии равонӣ, хоб, нутқ, хотира, қобилияти азхудкунии саводу дониш, фаъолият ва рушди ҷисмонии кӯдакону наврасон таъсири манфӣ расонад.
«Фаромӯш набояд кард, ки кӯдакону наврасон ояндаи миллатанд ва мо наметавонем, ки нисбат ба масъалаи солимии онҳо, яъне ояндаи миллат бетараф бошем», — таъкид карданд Президент.