Имрӯз, 24-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо паёми шодбошӣ сокинони кишварро ба Рӯзи парчами давлатӣ табрик намуданд.
Сарвари давлат таъкид карданд, ки Парчами миллӣ барои ҳар миллати соҳибтамаддун рамзи Истиқлоли давлатӣ, ифтихори ватандорӣ, озодихоҳӣ ва иродаи қавии мардум аст.
«Барафрохтани Парчами давлатӣ дар тамоми давру замон бо эҳсоси худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба ҳувияти миллӣ алоқаманд аст»,- афзуданд Роҳбари давлат.
Президент дар анҷом барои ҳар як хонадони кишвар оромӣ, осоиш ва иқболи нек орзу намуданд.