arzon replenishment
Эътирофи боз як табиби тоҷик дар Русия
908

Ҷоизаи Русия "Барои садоқат ба касб" ба директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Тоҷикистон Ҳусейнзода Зафар тақдим шуд. Дар ин бора ба Oila.tj як манбаъ аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки дар Анҷумани 6-уми саратоншиносӣ ва радиотерапия аз ҷониби Ассотсиатсияи саратоншиносони Русия ин ҷоиза ба табиби тоҷик тақдим гардид.

"Ин далели эътирофи дастовардҳои илмӣ, фаъолияти назаррас ва рушди соҳаи саратоншиносӣ дар Тоҷикистон буда, ин раванд ба тавсеаи ҳамкориҳои минбаъдаи байналмилалӣ дар ин самт мусоидат хоҳад кард", - гуфт манбаъ.

Дар доираи форуми мазкур ҳамчунин се нафар корманди Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ бо ҷоиза сарфароз гардонида шуданд.

Бояд гуфт, ки Ҳусейнзода Зафар Ҳабибулло, доктори илмҳои тиб, табиби дараҷаи олӣ, аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, айни ҳол чун директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошта, ҳамзамон, раиси Ассотсиатсияи саратоншиносони Тоҷикистон, узви Ассотсиатсияи саратоншиносон ва радиологиони ИДМ ва Евразия дар шаҳри Москва мебошад.

Ӯ, ҳамчунин, аз моҳи августи соли 2019 ҳамчун намояндаи  доимии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви Академияи саратоншиносони Аврупои марказию Шарқӣ дар шаҳри Будапешти Венгрия интихоб шуда, дар он намояндагӣ мекунад.

Муассиси мазкур аз соли 2009 аъзои Гурӯҳи Аврупои шарқӣ (Восточно Европейская группа изучения сарком) оиди омӯзиши саркомаҳо буда, бо якҷоягии мутахассисони соҳаи саратоншиносии кишварҳои Россия, Армения, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Белорусия, Озарбойҷон ва Қирғизистон ҳамкорӣ менамояд.

Инчунин, ӯ ҳамчун директори муассиса азъои таҳририяи  маҷаллаҳои саратоншиносии Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон  мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД