1xbet
Фахриддин Ҳакимов дар озмуни Silk Way Star ҳунарнамоӣ мекунад
96

Дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон чорабинии бонуфузи фарҳангию ҳунарӣ - Аввалин озмуни мусиқии вокалии ситораҳои Осиё-Silk Way Star баргузор гашта, кишвари моро дар он сарояндаи ҷавону хушзавқ Фахриддин Ҳакимов муаррифӣ менамояд.

Тавре Tengrinews.kz дар такя ба "Казинформ” иттилоъ додааст, дар аввалин озмуни мусиқии ситораҳои Осиё Silk Way Star намояндагони 12 давлат - Озорбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Чин, Муғулистон ва Куриёи Ҷанубӣ ширкат меварзанд.

Тоҷикистонро дар Silk Way Star сарояндаи ҷавону хушовоз Фахриддин Ҳакимов муаррифӣ менамояд, ки аллакай дар чанд лоиҳаи маъруфи мусиқии Русия, аз ҷумлла "Ну-ка все вместе!", "Голос Россия" (мавсими 12) ва "X-Factor Беларусь" ҳунарнамоӣ карда, маъруфият ва мухлисони зиёде дорад.

Дар Silk Way Star Қазоқистонро сароянда ва оҳангсози машҳури қазоқ Ботурхон Маликов бо лақаби ALEM, Озорбойҷонро актрисса ва сарояндаи маъруф Сабина Заде, Куриёи Ҷанубиро ансамбли занонаи Kandis (Girls Like This), кишвари Чинро сарояндаи овозадор Чжан Хэсюан, ки бештар барои филмҳо мусиқӣ ва сурудҳои таъсирбахш меофарад, Муғулистонро Мишел Ҷозеф, Малайзияро Yazmin Aziz муаррифӣ менамоянд. Аз Гурҷистон дар ин озмуни баландпояи мусиқӣ Автандил Абесламидзе, аз Арманистон Саро Геворгян, аз Қирғизистон репсаройи машҳур Тамгу, аз Туркманистон Даврон Шаммиев, аз Ӯзбекистон Мадинабону Одилова ва аз Тоҷикистон Фахриддин Ҳакимов ширкат варзида, ҳунару маҳорати худро ба миллионҳо нафар тамошобинон намоиш медиҳанд.

Озмун аз 9 даври сабтшуда ва даври финалӣ, ки ба таври зинда мегузарад, иборат мебошад. Сабти иштирокчиён аз 20-уми август оғоз ёфтааст. Овоздиҳӣ ба ҷонибдории иштирокчиёни озмун аз рӯйи стандартҳои байналмилалӣ ба таври кушода гузашта, аз 12 нафар иштирокчиён танҳо 7 нафар - 5 сарояндае, ки дар рафти овоздиҳӣ шумораи зиёди овозҳои мухлисонро ба даст меоранд ва 2 ҳунарманд аз кишварҳои ташкилкунандаи чорабинӣ ба даври финалӣ роҳхат мегиранд.

Ғолиби озмун дар натиҷаи овоздиҳии баробари ҳакамони озмун ва мухлисон 50-50% муайян карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД