Arzon march 2024
Фараҳманд Каримов дар Хуҷанд ду маротиба консерт баргузор мекунад
86

Фараҳманд Каримов сарояндаи ҷавони тоҷик аст, ки бо ҳунару истеъдоди хеш маҳбуби хурду калон гаштааст.

Ин сарояндаи ҷавон санаи 10-уми май дар шаҳри Хуҷанд дар "Кохи Рӯдакӣ" таҳти унвони "Рӯзи борон" консерти худро ду маротиба - соатҳои 12:00 ва 15:00 баргузор мекунад.

Фараҳманд Каримов зимни суҳбат бо сомонаи Oila.tj дар мавриди ин консерт чунин гуфт: "Ин консерт бо хоҳиши зиёди мухлисон баргузор мегардад. Дар ин консерт барои мухлисон сюрпризҳои зиёд ҳаст. Консерт пурра бо тарзу услуби наву замонавӣ баргузор мегардад. Ҳамаи сурудҳое, ки дар ин барномаи консертӣ пешкаши мухлисон мегарданд, таронаҳои тозаэҷод ҳастанд. Аввалин маротиба иштирокчиёни консерт ин сурудҳоро мешунаванд. Боварӣ дорам, ба ҳамаи иштирокчиён ин барнома писанд меояд. Чун мо барои ин консерт заҳматҳои зиёд кашида истодаем, то ба мардуми азизи шаҳри Хуҷанд ва дигар нафароне, ки иштирок мекунанд, писанд ояд”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД