Arzon march 2024
Фараҳноз ба Фараҳноз мошин туҳфа кард
1331


Фараҳноз Шарафова –имрӯз ин ном вирди забони аксари дӯстдорони савту навост. Фараҳноз-новобаста аз ҷавонияш тавонист бо эҷоди чанд таронаи марғуб дар дили ҳаводорони суруду мусиқӣ маъво бигирад.

Таронаҳои Фараҳнозро имрӯзҳо дар ютуб ҳазорон нафар тамошо карда, ба ҳунари ин духтари ҷавону зебои тоҷик баҳои хеле баланд медиҳанд.

Чанд рӯз қабл Фараҳноз дар саҳифаи инстаграмаш нафори аҷибе гузошт. Дар ин навор як қуттии хеле калони бо лентаву пуфакҳо оро дода шуда ба назар мерасад. Вақте Фараҳноз ин қуттиро боз мекунад, аз дарунаш як мошини тамғааш “Audi-8” мебарояд.
Мухлисони ин сарояндаи ҷавон мехоҳанд донанд, ки ин мошинро кӣ ба фараҳноз туҳфа кардааст.Ба ин савол худи Фараҳноз Шарипова дар барномаи “Ҷиз-Биз”- Рафаел Гулов чунин посух гуфт:
“Ман ҳамеша аз паи меҳнат ҳастам, барои мухлисонам суруду таронаи ҷаззоб меоарам, бар замми ин, қариб ҳар рӯз дар ба тӯю маъракаҳо меравам. Ин мошин аз пули заҳмату меҳнати худам аст. Чун ин тамғаи мошинро дӯст медоштам, харидорӣ кардам ва ба орзуи худ расидам”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД