Санаи 20-уми сентябр дар пойтахти Русия - шаҳри Маскав озмуни машҳури мусиқии “Интервидение” баргузор хоҳад гашт.
Тоҷикистонро дар ин чорабинии бонуфузи фарҳангӣ сарояндаи ҷавон ва муваффақ Фаррух Ҳасанов муаррифӣ мекунад. Фаррух таҳти №11 ба саҳна баромада, таронаи «Гори!»-ро месарояд, ки оҳанги онро худаш эҷод намудааст.
Актрисса ва модели машҳури ҳиндӣ Стэфи Пател ва ровии чинӣ Мэнг Лэй дар ин озмуни ҷолиб ва овозадор садри маҷлис интихоб шудаанд.
Ёдрас мешавем, ки Стэфи Пател ғолиби озмуни зебоии Miss Teen International, финалисти Femina Miss India ва актриссаи шинохта буда, Ҳиндустонро дар чорабиниҳои фарҳангии сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Мэнг Лэй низ яке аз ровиёни номдор буда, чеҳраи тамғаҳои машҳури ҷаҳонии Chanel, Jaguar, BMW ва Mercedes-Benz мебошад.