sebiston july new
Фарзанд Қуръон хонад, Худованд азоби волидонашро кам мекунад?
31.03.2022
ОИЛА
910

 

Марди замонави хастам ва дар як идораи бонуфуз кор мекунам.

Фарзандонам ҳар кадомашон ду-се забони хориҷиро медонанд, вале дирӯз падарам ба хонаи мо меҳмонӣ омада,маро хеле коҳиш намуданд, ки чаро ба бачаҳоям илмҳои замонавиро ёд медиҳаму онҳоро ба омӯзиши илми илоҳӣ ҷалб намесозам. Ба ақидаи он кас ҳар як инсон, сарфи назар аз он ки дар зиндагӣ чӣ мавқеъ дорад, бояд аз каломи Худо бохабар бошад ва ба фарзандонаш низ онро омӯзонад, то қарзи худро ба ҷо биёрад. Падарам таъкид карда гуфтанд, ки вақте фарзанд Қуръон мехонад, савобаш ба падару модараш ҳам мерасад. Мехоҳам донам, ки ин гуфтаҳо чӣ ҳикмат доранд?

Рустам, сокини ш. Душанбе

Посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯш

Падаратон ҳак ҳастанд. Язид ибни Абиҳубайб (р) аз Расули Худо (с) ривоят намудааст: «Касе ки Қуръони Каримро ҳифз намуд, Худованд азоби падару модари вайро коҳиш медиҳад, агарчӣ кофир ҳам бошанд».

Касе, ки ҷиҳати талаби илм бо роҳе биравад, Худованд роҳи ҷаннатро барояш осон хоҳад намуд. Касоне, ки дар хона дастҷамъона тиловати Қурон намоянд, онро омӯзанду ба дигарон биёмӯзонанд, ба онҳо сакина нозил мешавад ва раҳмати Худованд онҳоро мепӯшонад. Фариштаҳо даври онҳо ҳалқа меистанд ва Худованд онҳо (омӯзандагони Қуръон)-ро миёни фариштагони худ ёдоварӣ мекунад».

Ҳазрати Муоз ибни Ҷабал (р) нақл мекунад, ки Расули Худо (с) фармудааст: «Се чиз дар дунё ғарибанд:

1.Қуръони Карим дар дили золим. Яъне, шахсе Қуръони Каримро азёд кардааст, вале ба он амал накарда, зулм мекунад.

2. Инсони нек миёни мардуми бадкирдор.

3.Китби Қуръони Карим дар хонае, ки онро тиловат намекунанд». Имрӯзҳо дар ҳар як хона китоби Қуръони Маҷид мавҷуд аст. Мутаасифона дар бисёр хонаҳо китобро чанг зер карда хоб асту хеле кам касон онро хонда, ахлоқашонро ба фармудаҳои Қуръон мувофиқ мегардонанд.

Дар як ҳадиси шариф омадааст, ки ду сураи ҷилвадиҳанда, яъне сураҳои «Бақара» ва «Оли Имрон»-ро ҳифз кунед, зеро инҳо рӯзи қиёмат ба тиловаткунандагони худ ба шакли ду абр хоҳанд омад (барои соя кардан). Боз фармуданд: «Сураи «Бақара»-ро ёд кунед, зеро дар он баракат аст ва тарки он сабаби афсӯс аст». Фазилати мазкур насиби касоне мебошад, ки онро аз ёд кунанд, аз корҳои беҳуда худдорӣ намояд, бар аҳкоми он амал кунанд, аз фармудаҳои он рӯ нагардонанд ва онро воситаи ба даст овардани фоидаҳои дунявӣ қарор надиҳанд.

Саъд ибни Абиваққос мефармояд: «Касе, ки дар рӯз Қуръони Каримро хатм намуд, фариштае то шом барояш дуои хайр мекунад. Агар ҳангоми шаб хатм намуд, пас то субҳ барояш истиғфор мехоҳад».

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД