arzon replenishment
ФАРЗАНДИ НАҒЗ БОҒИ ПАДАР
4255


Солимии равонии кӯдак ва даврони ширини тифлӣ аз волидон вобастагӣ дорад.Ҳар як падару модар мехоҳад, ки ба фарзандаш тарбияи хубу шоиста диҳад.

Новобаста аз он ки фарзанди шумо якраву гирёнчак аст ё давраи наврасияш душвор мегузарад, волидайн будан кори осон нест ва ҳолатҳое мешавад, ки худро ба даст гирифтан амри маҳол аст. Ягон падару модар намехоҳад бо фарзандаш муомилаи бад кунад ва ҳеҷ гоҳ бо садобаландкунӣ ва лату кӯб фарзандро ба роҳи рост ҳидоят намудан номумкин аст. Инак, волидон дар тарбияи фарзанд бояд чӣ кор кунанду кадом корро накунанд? Мутахассисони Хазинаи Кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон дар ин бобат чунин маслиҳат медиҳанд:

Ба сари кӯдак садо баланд накунед!
Бо садо баланд кардану дағалӣ кардан, шумо ба фарзанди худ ба ҷои фоида зарар мерасонед. Додзанӣ ва фишор ба ҳаёти минбаъдаи кӯдак таъсири худро мерасонад. Изтироби заҳролудеро, ки дар чунин ҳолатҳо тифл пайдо мекунад оқибатҳои бадро аз ҷумлаи дониши суст дар мактаб, руҳафтодагӣ, дилбастагӣ ба нашъамандӣ ва истеъмоли моддаҳои мухаддир, худкушӣ ва ҳатто бемориҳои дилро ба бор меорад.

Ба ҷои он ки фарзанди худро ҷазо диҳед ё умуман нисбаташ коре накунед, беҳтараш ӯро дуруст тарбия намоед.

Барои фарзанди худ вақт ҷудо намоед
Бо фарзанди худ дар танҳоӣ вақт гузаронида, шумо бо ҳам наздиктар мешавед. Дар як рӯз 20 дақиқа ва ҳатто 5 дақиқа вақти худро барои ҷигарбандатон дареғ надоред. Дар ин муддат шумо метавонед якҷоя сурудхонӣ кунеду дар ин вақт зарфҳоро шӯед ё ҳангоми овехтани либосҳо ҳамроҳ сурудеро зам- зама кунед. Хеле муҳим аст, ки дар ин муддат диққати худро пурра ба фарзандатон равона намоед. Инак, телевизор ва телефони худро хомӯш созеду пурра ба ҷигарбандатон таваҷҷуҳ намоед.

Фарзандатонро барои рафтори хубаш таъриф кунед
Волидон аксаран ба рафтори бади фарзандони худ диққати бештар медиҳанд. Дар натиҷа барои он ки минбаъд низ диққати шуморо ба худ ҷалб созанд, кӯдакон кору амали бади худро идома медиҳанд.

Кӯдакон таърифу тавсифро дӯст медоранд. Зеро дар ин ҳангоми худро дӯстдоштаву беназир эҳсос мекунанд. Вақте фарзандатон ягон кори хуб мекунад, ӯро таъриф кунед, ҳатто агар муддати панҷ дақиқа бо додар ё хоҳари худ бозӣ кунад, ин амалашро тавсиф намоед.

Орзуву умеди худро ба фарзандатон баён намоед
Шумо аз фарзанди худ чӣ мехоҳед? Кадом корро кунаду кадомашро накунад? Беҳтараш аз ӯ чӣ хостани худро гӯеду кадом кор карданашро нахостанатонро баён накунед. Вақте аз кӯдак хоҳиш мекунед, ки хонаро бе тартиб накунад ё боодобона рафтор намояд, ӯ талаби шуморо дуруст дарк карда наметавонад. Вале вақте шумо мегӯед, ки "Бачаҷон, илтимос, ҳамаи бозичаҳоятро гирифта, ба қуттича андоз", эҳтимоли он ки фарзандатон гапи шуморо гӯш мекунад, хеле зиёд аст, зеро ӯ чӣ кор кардани худро дақиқан дарк менамояд.

Вале аз фарзанди худ танҳо кору амалеро талаб намоед, ки кӯдак аз уҳдааш баромада тавонад. Масалан, аз кӯдак рӯзи дароз ё ақаллан 10 дақиқа хомӯш истоданро талаб кардан номумкин аст. Вақте аз фарзандатон кори имконнопазирро талаб мекунед, мусаллам аст, ки аз уҳдааш намебарояд.

Кӯдакро ба ваҷд биёред
Вақте фарзанди шумо дучори душвориҳо гаштааст, диққаташро ба шуғли ҷолибе ҷалб намоед. Масалан, ҳангоми гиря кардану аз чизе нороҳат будани тифлатон мавзӯро дигар намуда, ӯро ба бозӣ даъват намоед, ба хонаи дигар ё ба сайругашт бароед, бо чунин амалатон нерӯи ҷигарбандатонро ба рафтори хуб равона месозед.
Шумо бояд қаблан чӣ гуна рафтор намудани фарзанди худро омӯзед. Масалан, дар кадом ҳолатҳо асабӣ шудану гиря кардани кӯдак ё вақте ки ду бародар ё хоҳар ба як бозича мечаспанд, қаблан вазъиятро тағйир дода тавонистани шумо дар ин ҳолатҳо бисёр чизҳоро тағйир дода метавонад.

Диққати фарзандатонро ба кору амали дигар равона намоед, мавзӯро тағйир диҳед, коре кунед, ки фарзандатон нерӯи худро самаранок истифода барад.

Оқибати рафторашро ба фарзандатон фаҳмонед
Кӯдакон бояд оқибати ҳар як амали худро дарк намоянд ва ин як зина ба сӯи калон шудан аст. Танҳо дар ҳамин ҳолат кӯдак масъулиятро эҳсос намуда, кӯшиш мекунад ба хатогӣ роҳ надиҳад. Оқибати амали бадашро фаҳмонида, ба кӯдак имкон диҳед, ки дуруст рафтор намояд. Масалан, агар фарзанди шумо дар деворҳои хона бо қаламу ручка хат мекашида бошад, ба амали худ хотима бахшиданашро талаб намуда, гӯед, ки агар корашро бас накунад, бозияшро ба анҷом мерасонед. Дар ин ҳангом кӯдак огоҳиро дарк намуда, рафтори худро тағйир медиҳад. Рафту фарзандатон амали худро қатъ накунад, ором бошед, ҳарчанд дар ин лаҳзаҳо худро ба даст гирифтан кори душвор бошад ҳам, ба қаҳру ғазаб роҳ надиҳед.

Агар фарзандатон дарҳол амалашро бас кард, ӯро таъриф кунед. Бо ин рафтор шумо тифлатонро аз кору амали бад кардан мегардонед.

Дар тарбияи фарзандон пайдарпайиро риоя кардан лозим аст. Масалан, шумо аз дасти фарзанди навраси худ телефонашро ба муддати як соат гирифта метавонед, вале барои як ҳафта ӯро аз телефон маҳрум кардан кори душвор аст.

Бозиҳо бо хурдтаракон
Шумо метавонед кору кирдори фарзанди худро айнан такрор намоед. Масалан, бо қошуқ ба дег задан ё ҳамроҳ суруд хондан тифлро ба ваҷд меорад. Бозӣ бо кӯдакон ба рушди ақлонии кӯдак мусоидат мекунад.

Бозӣ бо кӯдакони калонсол
Наврасон низ мисоли кӯдакони хурдсол ба таърифу тавсиф ниёз доранд, мехоҳанд, ки хислатҳои хубашонро бештар ёдовар шавед. Кӯдакон хеле дӯст медоранд, вақте ки калонсолон ҳамроҳашон рақс мекунанду дар бораи сарояндаи дӯстдоштаашон гап мезананд. Ин амали калонсолон имкон медиҳад, ки ба кӯдак боз ҳам наздиктар шавед.

Фарзандатонро дар назди худ шинонида, маслиҳат кунед, ки кадом корро дар хона карданаш мумкин асту кадомашро не. Ҳамзамон кӯдакон бояд оқибати амали нодурусти худро дарк кунанд. Бо ин роҳ шумо шоҳиди мустақил шудани фарзанди худ мегардед.

Маслиҳат ба волидон дар давраи пандемияи COVID-19
Пандемия сабаби сар задани тағйиротҳои куллӣ ва ногаҳонӣ дар оилаҳо гардид. Чанд маслиҳат оиди бартараф намудани рӯзҳои пуризтироб:

Ором бошед
Худро ба даст гирифтанро омӯзед. Бо кӯдакон забон ёфтан кори душвор аст, вале бо вуҷуди ин, бояд сабур бошед, орому бомулоҳиза амал намоед.

Фароғат кунед
Волидон аксаран аз пайи ташвишҳои зиндагӣ шуда, худро фаромӯш мекунанд. Ақаллан ҳангоми хоб будани фарзандон барои худ вақт ҷудо намоед, барои роҳату хушбахтии худ кӯшиш ба харҷ диҳед. Вақте падару модар аз ҳад зиёд хаста мешаванд, фарзанди худро ба таври бояду шояд тарбия карда наметавонанд.

Худро таъриф кунед
Падару модар будан кори осон нест, барои ба воя расонидани фарзанди солим заҳмати шабонарӯзӣ кашидан лозим аст. Ҳар рӯз аз худ пурсон шавед, ки ман имрӯз бо фарзандам чӣ кори судманде ба анҷом расонидам.
Дар интиҳо ҳаминро илова кардан мехоҳем, ки ин шабу рӯз миллионҳо падару модар кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки фарзандони худро аз бемориҳо эмин нигоҳ доранду дар муҳити солим ба воя расонанд. Ҳолатҳое мешавад, ки душвориҳо пеш меоянд, вале аз ин нобарориҳо набояд руҳафтода шуд. Танҳо шумо қодир ҳастед, ки зиндагиро рангин созед, дунёи фарзанди худро зебо гардонед. Фаромӯш насозед, ки зиндагӣ майдони мубориза аст, мубориз бояд буд!

Мақолаи мазкур бо дастгирии UNICEF Тоҷикистон омода гаштааст. Мақола дар асоси сиёсати редаксионии Медиа Холдинги "Оила" таҳия шуда, ҳатмӣ нест, ки мавқеи расмии UNICEF-ро инъикос намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Султонов Умар 2023-04-26, 19:14
Хеле программаи хубе буд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Султонов Умар 2023-04-26, 19:14
Хеле программаи хубе буд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД