Шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатии ноҳияи Файзобод пас аз таъмир мавриди истифода қарор дошта шуд, ки дар расми ифтитоҳи он раиси ноҳия Мансур Каримзода, роҳбарият ва кормандони муассисаи тандурустии номбурда иштирок намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатии ноҳияи Файзобод бо 7 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ таъмин буда, он ба 120 ҳазору 999 нафар аҳолии ноҳия хизмат мерасонад.
Дар шуъбаи мазкур дар умум 56 нафар, аз ҷумла мудири шуъба, 1 нафар ҳамшираи калон, 1 нафар механик, 6 нафар момодоя, 11 нафар бародари шафқат, 18 нафар ронанда, 6 нафар дастурдиҳанда ва 14 нафар табиби навбатдор фаъолият менамоянд.
Гуфта мешавад, ки дар шуъба 2 бригада дар ҳудуди ноҳия ва 1 бригада дар ҷамоати деҳоти 30-солагии Истиқлол ба аҳолӣ хизмат хоҳанд кард.