Аз 28-уми октябр то 1-уми ноябр дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе “Фестивали филмҳои фаронсавӣ” баргузор хоҳад гашт. Дар даираи фестивал ҳар бегоҳ соати 18.00 дар кинотеатри “Ватан” филмҳои хеле ҷолиби фаронсавӣ намоиш дода мешаванд. Даромадан озод аст.
Фестивал бо ибтикори сафорати Фаронса дар Тоҷикистон баргузор гашта, мухлисон имкон доранд аз тамошои филмҳои машҳури классикӣ ва муосири ҳунарӣ, мазҳакавӣ ва тасвирии фаронсавӣ лаззат бубаранд.
Фестивали филмҳои фаронсавӣ рӯзи 28-уми октябр бо намоиши филми мазҳакавии “Сайри дурудароз”-и Жерар Оури оғоз меёбад.
Соли 1942 олмониҳо дар болои Париж як ҳавопаймои бритониро зери нишон гирифта меафтонанд. Се ҳавонавард бо воситаи парашют худро партофта, ба ҷойҳои гуногуни пойтахт фуруд меоянд. Ба онҳо ду шаҳрванди Фаронса, дирежёри оркестр ва рассом ёрӣ мерасонанд ва розӣ мешаванд, ки онҳоро ба Олмон баранд. Ҳамин тариқ, бар хилофи хоҳиши худ ин ду нафар иштирокчии Муқовимат мегарданд.
29-уми октябр мазҳакаи драммавии «То замоне, ки фтоб медурахшад”-и Фелипп Пети намоиш дода мешавад.
Қаҳрамони филм Макс барои бунёди як боғи ваҳшии бидуни девор дар маркази Марсел бо майдон сабз ва барои ҳама дастрас аст, мубориза мебарад. Пас аз радди чандинсола лоиҳаи ӯ ба даври ниҳоии озмуни меъморӣ роҳ меёбад. Барои Макс, ин охирин имконият аст, ки ба сокинони шаҳр, ки дар зери офтоби сӯзон нафасгиранд, як гӯшаи табиатро тӯҳфа намояд.
Рӯзи 30-юми октябр филми аниматсионии «Фиръавн, ваҳшӣ ва малика”-и Мишел Осело ба маърази тамошо гузошта мешавад.
3 афсона, 3 давр, 3 олам: эпос аз Мисри Қадим, афсонаи асримиёнагӣ аз Оверн ва афсонаи туркӣ аз асри 18 дар бораи султонҳои усмонӣ вақасрҳои туркӣ. Ҳар як ҳикоя хусусиятҳои фарҳангии давраро бо худоёни худ, золимони нафратовар, ҷанговарон, ошиқони доно, шоҳзодаҳо ва маликаҳо бозгӯ мекунад.
Рӯзи 31-уми октябр филми ҳунарии «Ваъдаҳо»-и Томас Круитхоф манзури тамошобинон гардонида мешавад.
Раиси маҳалаи 93-юм Клеменс бо Язид, сардори штаб барои наҷоти маҳаллаи камбағали Бернардон, ки сокинон дар онҷо дар шароити ғайрисанитарӣ камбағалона зиндагӣ доранд, мубориза мебарад. Ин набард охирин муборизаи ӯ пеш аз интиқоли қудрат дар интихоботи оянда хоҳад буд. Вақте ба Клеменс вазифаи вазир шуданро пешниҳод мекунанд, нақшаҳояш дигар мешавнад. Клеменс метавонад ҳамсояҳо ва наздикони худро тарк карда ба ваъдаҳояш вафо накунад?
Фестивали филмҳои фаронсавӣ дар Душанбе рӯзи 1-уми ноябр бо намоиши филми«Эжен Гранде»-и Марк Дюген ба поён хоҳад расид, ки аз рӯйи романи Бальзак рӯйи навор омадааст.
Феликс Гранде дар хонаи хоксоронаи худ дар Сомур бо ҳамсар ва духтараш Эжен зиндагӣ мекунад. Ӯ ба хостгорони духтарашт бо норозӣ нигоҳ мекунад. Омадани додарзодааш аз Париж ҳаёти духтари ҷавонро тағир медиҳад. Муҳаббат ва саховатмандии Евгений нисбат ба амакбачааш падари Эжен Грандеро сахт ба хашм меорад. Вай тайёр аст, ки аъзои хонаводаашро ба хотири фоида қурбон кунад.