Имрӯз дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ “Наврӯз” оғоз ёфта, то 6-уми май идома хоҳад кард.
Маросими ифтитоҳии фестивали театрҳои касбӣ “Наврӯз-2025” соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гашта, дар он театрҳои 6 кишвар ширкат меварзанд. Дар доираи ин чорабинӣ имрӯз ҳамчунин операи “Рӯдакӣ”-и Ш. Сайфиддинов аз ҷониби театри мазкур ба саҳна гузошта мешавад.
Ҷашнвораи театрҳои касбии “Наврӯз-2025” то 6-уми май идома ёфта, дар доираи фестивал 8 намоишнома аз ҷониби театрҳои кишварҳои гуногун ба саҳна гузошта мешавад.