Arzon march 2024
Филип Киркоров боз падар шуд
606


Сутуни эстрадаи рус Филип Киркоров соҳиби духтарча шуд. Ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расидааст ва гуфта мешавад, ки Киркоров бо усули “модари сунъи” ( сурагатное матиринств) соҳиби духтар шудааст.

Айни замон навзод дар Амрико аст, вале маълум нест, ки зани фарзанди ситораи русро ба дунё оварда рус аст ё амрикоӣ. Филип Киркоров кӯшиш карда истодааст, ки фарзанди нав ба дунё омадаашро ба наздаш оварда дар руҳияи фарҳанги русӣ тарбият кунад, вале ин кор ба сароянда даст надода истодааст.

Ситора дар шабакаҳои иҷтимоӣ иқрор шудааст, ки то ин дам барои бузург кардани фарзандонаш Мартин ва Алла-Виктория дояҳо барояш кӯмак мекунанд.
“Ин навбат мехоҳам духтарамро комилан худам нигоҳубин кунам. Барои ин кор ҳатто китоби маълумот дар бораи нигоҳубини кӯдакро хондам ва то омадани ӯ худро омода намудам”-мегӯяд сароянда.

Падари Филип Киркоров-Бедрос Киркоров аз ба дунё омадани набераи нав ниҳоят хушҳол аст ва орзу дорад, ки аберагонашро низ ба оғӯш бигирад. Бедрос иқрор шудааст, ки аз нияти фарзанддор шудани писараш огоҳ набуд, вале бо ба дунё омадани наберагонаш зиндагияш ранги дигар гирифтааст ва хело хушбахт аст.

Ёдрас мешавем, ки Алла-Виктория ва Мартин фарзандони бузурги Филип Киркоров ҳастанд ва дар наворҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки Филип бо онҳо бениҳоят меҳрубон ва самимӣ буда, хоҳиши кӯдаконро бе чуну чаро иҷро мекунад.

Ӯ духтарашро бо шарофати ду зани дӯстдоштааш- ҳамсари собиқаш Алла Пугачева ва модараш Виктория ном ниҳодааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД